«ТОҶИКИСТОНРО НАХОҲАМ ДОД!». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло доир ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон

Февраль 6, 2022 09:07

ДУШАНБЕ, 06.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зуҳури нобаҳангому бесобиқаи ҷангҳои беамону бемаънои мазҳабӣ ҳатто инсонҳои муътақиди як дину як Худоро ба куштору тороҷу хонумонсӯзии ҳамдигар бархезондаанд. Ва мо дидем, ки чӣ гуна исломӣ бо номи ислом исломии бегуноҳи дигарро мекушад, хонумонашро месӯзад ва мардуми осоиштаву соҳиби ризқу рӯзиро гадои кӯву барзан ва беватан мегардонад. Ба андешаи мо инсоният ва сайёраи Замин дар тӯли мавҷудият ва ҳастии худ ҳаргиз ба чунин вартаи муҳлик, хатарбору хатарзо, номуайяну баённопазир ва пешгӯинашаванда рӯ ба рӯ наомада буд. Мудҳиш он аст, ки ин таҳдид ва хатарҳо бар сари инсоният ба якборагӣ аз чор сӯ чун бодҳои нобаҳангом қасди вазидан доранд.

Чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО оид ба вазъи пуршиддати ҷаҳони имрӯза. Дар идома шоир андешаҳояшро чунин баён медорад:

—    Аз як ҷониб  таҳдидҳои афзояндаву бесобиқаи хатарбори экологӣ дар асоси харобшавии пайваставу босуръати табиат ба дасти одамизод, тороҷи бесобиқаи он, аз он гирифтану ба он надоданҳо, ки метавонанд зиндагии одамонро дар сайёраи замин мувоҷеҳи фоҷиаҳои мудҳишу маргбор гардонанд, аз ҷониби дигар, селу тӯфону обхезӣ, безурётиву  нокоршоямии Замин,  заҳролуд гардидани он, хушксоливу қаҳтӣ, ташнагиву гуруснагии миллионҳо, балки миллиардҳо инсони рӯи замин, ки оқибат аз ночорӣ даст ба инфиҷору  куштору хунрезӣ тавонанд зад, вазъиятро боз ҳам муташанниҷтар месозанд.

Инчунин бемориҳои сирояткунандаи инсонкуш дар сурату сирати нав ба нав ва афзоишёбандаву ҳар карат тағйирёбанда, мисли бемории COVID-19 бо вирусҳои навбаромади тоҷдор ва даҳҳои дигар, ки сол то сол хурӯҷи бештар доранд. Ин ҷо ба бемориҳои шигифтангези инсонӣ бемории даҳшатбори табиати зинда, бемории обу ҳавову муҳит, бемории ҳар гулу гиёҳу дарахт ва ҳар чашмаву рӯди равонро бояд зам кард. Дар маҷмӯъ, ин ҳама бемориҳои инсону табиат бемории вақту фазоро ба зуҳур хоҳанд овард, ки ҳанӯз ба ҷуз аз инсофу адолат, шафқату ғамхориву ҳамҷавории ҳамдигар доруе барои рафъи онҳо надорем.

Ва оқибат гегемонизми байналмилалӣ, нафси беамон, ҳирси бепоёни  ҷаҳонгирӣ, бузургманишӣ, оламхорӣ, дастзӯриву зӯроварӣ, ки пайваста кишварҳои ободро хароб, зиндагии осоиштаро пурфоҷиа, халқҳоро хонабардӯш намуда, шаҳрҳову кишварҳоро харобу хокистар ва мардумонро оғуштаи хуни ҳамдигар мегардонанд.

Аммо, дареғо, ки  инсоният аз ин ҳама сабақ намегирад, фоҷиаҳое, ки солҳои охир бар сари халқу кишварҳо меоянд, ба ҷойи он ки инсонҳоро барои мубориза бар алайҳашон муттаҳид созанд, баръакс онҳоро дуртар аз ҳамдигар мегардонанд, ваҳшитар нисбат ба якдигар  месозанд. Масалан, банда гумон карда будам, ки пас аз хурӯҷи COVID-19 ва фоҷиаҳои инсоние, ки ба бор овард, абарқудратҳои ҷаҳон  мефаҳманд, ки инсоният бар алайҳи душмани сайёраву инсоният  бояд ба ҳам оянд, дасти ҳамдигар бигиранду нақшаи ягонаи мубориза бо ин фоҷиа ва маҳви онро маслиҳатомез ва бо мадади ҳамдигар тарҳрезӣ кунанд. Ман амин будам, ки ҳама тасвиб ва ҳукмҳои (таҳримҳои) душманона бар муқобили ҳарифон, амалҳои  хилофандозу харобиовару зарарнок ва нақшаҳои шадиди маҳви ҳамдигар, туҳматҳои бепояву беасоси зидди якдигар барҳам мехӯранд. Дард ва мушкили ягона, фоҷиаи умумии ба сари одамизод омада инсониятро ҳушдор хоҳад дод ва ба оғози ҳамдигарфаҳмиву ягонагӣ асос хоҳад гузошт. Аммо вовайло, ки баръакс шуд; хилофият, душманиву бадбинӣ, роҳандозии таҳримҳои навбанаву гаронтар пеш гирифта шуд.

Бале, як гурӯҳи хунмасте дар дунё ҳаст, ки ҳатто фоҷиаҳои  инсониро мехоҳад чун силоҳ ба манфиати худ истифода кунад. Аз ақл берун аст!? Бале! Аммо ҳамин тур аст! Фалсафаи онҳоро танҳо худашон шояд мефаҳманд ва ё аслан ҳеҷ фалсафае надоранд, ҷуз ин ки муқтазои табиаташон каждумист. Гумон мекунам муборизаи зоти шайтону инсон, ки ҳардуро Худо халқ кардааст, дар замони муосир бо тарзҳои модерни нав идома дорад. Онҳое, ки шайтон дар сиришташон ҷой гирифтааст, намехоҳанд ба осонӣ  сар ба пеши адолату ҳақиқат ва адлу инсоф гузоранд.

Бадбахтона,  Тоҷикистони азизи мо, халқи сулҳпарвару некманишу башардӯсти он аз  таҳдид  ва таъсири ин амвоҷи даҳшатзои селу тӯфонҳои харобиовари охирзамон дар канор нестанд. Ва мо инро дар мисоли таҳмили ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ, ки бар сари кишвари навистиқлолёфтаамон тарҳрезӣ шуда буд,  дидаему шоҳиди даҳшатҳои он будаем. Танҳо хиради зотии халқ ва ҷасорату андешамандӣ, сулҳу салоҳ ва ваҳдату ягонагии халқамон таҳти раҳнамоии фарзандони фарзонаву хирадманди он Тоҷикистони азизи моро тавонист аз вартаи фалокат ва нестӣ наҷот бидиҳад.

Имрӯз ҳаводиси ғайричашмдоште, ки дар яке аз кишварҳои пешрафтатарин аз байни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ — Қазоқистон, ки сатҳи зиндагӣ, шароити рӯзгор,  маош ва маишати мардумаш ба маротибҳо боло буд, рух додаву хушбахтона, комгор нагардид, гувоҳи он аст, ки ин таҳмили ғояҳои бегона ва фоҷиаҳои ҷаҳонгириву зӯроварӣ метавонанд нобаҳангом бар сари ҳар кишваре оянд ва ин раванд идома дорад.

Чаро инсоният худро ба дасти худ гирифтори маргу хунрезӣ, фоҷиаву харобиҳои даҳшатовар мегардонад? Чаро ободиро вайрон, покиро ифлос  ва сарсабзиву шукуфоиро ба харобазор табдил медиҳад? Чӣ неру, чӣ ғоя, чӣ ҳадафҳое роҳнамои ӯянд!?

Ин саволест, ки  инсоният кайҳо мебоист ба пеши худ мегузошту посухи онро медод ва аз пайи ҳифзи ягона сайёраи ҳастизо, пешгирии фоҷиҳои марговари ҳаёти одамон дар рӯи Замин мегардид? Аммо, не! Афсӯс, ки ин раванд, яъне раванди худкушӣ ва маҳвсозии замину замону ояндаи башарият бо суръати баланд идома дорад. Бубинед, чунон карданд, ки бо як иғвову тӯҳмат ҳатто ду қавм, ду халқи бародару ҳамхуну ҳамрешаи  славянӣ имрӯз дар сангарҳои муқобил  омодаи маҳви ҳамдигар ҳастанд? Ин кори кист, аз куҷо бо чӣ ҳадаф сарчашма мегирад. Ҳар ҳадафе надошта бошад, бар муқобили хушбахтӣ ва ягонагии одамизод дар рӯи замин аст. Ва ин андеша ҷойи баҳс ҳам надорад.

Бубинед,аз он кишвари обод ва халқи хуштабъу дилшоди Сурия, аз он кишваре, ки ҳар сокинаш ҳанӯз таваллуд нашуда, ба миқдори зарурӣ ба номаш маблағ, суғуртаи молиявӣ ва маскану манзил дошту ҳамагон, аз ҷумла мо сокинони собиқ шӯравӣ ҳавас доштем, ки  дар кишвари мо ҳам чунин бошад, имрӯз чӣ монд? Чаро як кишвари ободу намунавиро бар хок яксон карданд. Ё худ аз он Ироқ, аз он мамлакати ободу зебову сарбаланду неруманд чӣ монд? Чаро имрӯз ҳам дар ин кишвари ба хоку хун яксон шуда, то имрӯз  террор идома дорад, сунниву шиа ҳамдигарро  метарконанд. Чаро тӯли чиҳил сол аст, ки кишвари  Афғонистон, халқи заҳматкашу ҷабрдидаи он дар ватани худ беватан буда, нони дасти тифлони афғонӣ ашколуд ё балки хунолуд аст?   Ин иғворо кӣ ва барои чӣ барангехтааст? Ёдовар шудан аз инҳо ба хотири он аст, то донем, ки халқи нотифоқ ва пароканда бо як иғво метавонад гирифтори чунин фоҷиаҳо гардаду буду шудашро аз даст бидиҳад. Хусусан, ки кӯшиши ба роҳ андохтани низоъу душманӣ дар байни маҳалҳо, дар сурати шимолигариву  ҷанубипарастӣ, мазҳабдориву бемазҳабӣ, гирифторсозӣ ба ҷараёнҳои иртиҷоии гуногун дар кишвари мо ҳам шуда буд ва халқи дилсофу зудбовари мо то ҷойе гирифтори он ҳам гардид ва ин асоси сар задани фоҷаҳо гардид.

Тамоми ҳодисоти мудҳиши ҷаҳон, зуҳури ҷангҳо, бархӯрдҳои фоҷиабори солҳои охир ҳама бояд дарси ибрат ба халқи тамаддунпарвари мо бидиҳанд. Ҳоло ҳам шукри қисмат ва халқу миллату давлату ҳукумати кишварамон мекунем, ки дар чунин як ҳолати ноорому пуртаҳдиду пуртазоди тарканда зиста, тавонистааст, як  мамлакати осоиштаву ором, бунёдкору созанда ва хайрхоҳу башардӯстро барқарор созад. Дар сурате, ки аз чор акнофу атрофамон садои таркишу террор ба гӯш мерасаду  насими раҳгузар гоҳо ҳавои ғаразу кина ва нохайрхоҳиву душманиро аз он сӯи сарҳадҳо  ба мо низ мерасонад, илоҷи дигаре ба ҷуз ҳушёриву зиракӣ ва мутаккои ҳамдигар будан надорем.

Танҳо ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмии инсонҳои рӯи замин имкон медиҳад, ки бо дастгирии якдигар пеши роҳи бисёре аз фоҷиаву хатарҳо, аз ҷумла фоҷиаҳои экологиву бемориҳои инсонкуш  ва  террору инфиҷор, хунрезиву куштор  гирифта шаванд ва саёраи мо аз фоҷиаҳое, ки ба сӯяш равона шудааст, эмин монад.

Таърихи навини мо ба халқи мо дар оғози бунёди кишвари соҳибистиқлоламон имтиҳоне рӯ ба рӯ оварду  сабақи худро дод. Ва мо набояд онро фаромӯш кунем, зеро дар ҷаҳон неруҳои шайтоние ҳастанд, ки метавонанд як кишвари озоду ободу зеборо зуд ба харобазор табдил диҳанду дар оташи сӯзони ҷисму ҷони мо дасту дил гарм кунанд.  Бубинед, чӣ гуна осон метавонанд нифоқ дар байни мо андозанд, то ҷойе, ки имрӯз ҳатто мухолифини мо дар хориҷа, ки собиқан бо ҳам ва ҳамнеру  буданд, рахнаҳо дар байнашон фитоду зуд ба сангарҳои муқобили ҳам ҷудо гардидаву шинак гирифтаанд.  Танҳо як неруе ҳаст, ки мо, миллати тоҷикро аз ҳама хатарҳо маҳфуз медорад ва ин неру ваҳдату ягонагӣ ва хираду фазилати зотии халқамон аст, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатиамон имрӯз эҳёи дигар дорад. Касе нест, ки аз берун ояду моро наҷот диҳад, сарпарасту ғамхори мо бошад. Танҳо ягонагӣ, аз як гиребон сар баровардан, пуштибони ҳам, мутаккои якдигар будан ҳомии бегазанди мо хоҳад буд. Ин андешаро Сарвари ватандӯсти мо гаштаву баргашта ба мо гӯшзад намудаанд.

Чанде пеш халқи фарҳангпарвар ва ватансози мо 30-солагии Истиқлолияти давлатии худро бо тантанаҳои  бошукӯҳу зебанда таҷлил дошт. Оё метавон эътироф накард, ки дар тӯли ин сӣ соли ватансозиҳову бунёдкориву шукуфоиҳо ва эҳёи тозаи   сарзамини аҷдодӣ Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи шарифи он таҳти сарвари Пешвои муаззами худ тавонистанд як  сарзамини сулҳдӯсту инсопарварро бо муҳиту ҳавои солиму муаттари пур аз меҳру муҳаббат ва хайрхоҳӣ дар ҳотаи осоиштагиву амонӣ ва бо сиёсати башардӯстона бунёд гузоранд. Тамоми фаъолият ва сиёсати дохиливу берунии кишвари мо талош барои сулҳу амонӣ, тинҷиву осоиштагӣ, некиву хайрхоҳӣ  дар ҷаҳон буда, ки  аслан сиришти миллати тоҷик бар он асос ёфтааст.

Тоҷикистони биҳиштосои мо, боғу токзор, гулгашту чаманистонҳои беҳадду каноре, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии мо чун рамзи муҳаббат ва меҳри шукуфои халқамон бунёд гардиданд, роҳҳои сатҳи баланди байналмиллалӣ, нақбҳои бесобиқаи онҳо, бунёди маҳалҳои тозаву зебо бо иморатҳои сарбаланду мафтункунанда дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон ҳаргиз наметавонанд маҳзари ҷангу ҷидол, душманву бадбинӣ бошанд, зеро онҳо маҳзари некӯӣ ва меҳру муҳаббат, маҳзари зуҳури Наврӯзу Садаву Меҳргон, маҳзари ҷилои ишқу муҳаббати ҷавонон ва майдони нишоти тифлакони мо хоҳанд буд. Халқи  фозил ва соҳибмаърифат, халқи башардӯст ва инсонпарвари тоҷик, халқи созандаву бунёдкор, халқи ҳунарманду офаранда, асосгузори ҳазорон суннати шарифу неки инсонӣ, халқи башардӯсту меҳрпарвар, халқе, ки дар таърих бо бузургони илму адабаш шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад, сазовори зиндагии  шоиставу арзанда хоҳад буд.

Танҳо ваҳдати миллӣ ва ягонагии тамоми халқамон метавонад кафолати зиндагии хушбахтонаву пойдору бегазанди  миллати некбунёду хайрхоҳу  башардӯст моро бидиҳанд. Аз ин рӯ дар вазъияти имрӯза, дар ҷаҳони пур аз низою душманиву нохайрхоҳӣ  ва таҳдидҳои бесобиқаи вақту фазо, пешомадҳои фоҷиабори тақдиру рӯзгор, алайҳи ғазабҳои табиату инсонӣ беш аз ҳарвақта бояд такя бар хираду фазилат ва маърифату адаби бегазанди миллии худ кунем, ки дар тӯли таърих моро аз ҳама хатару фоҷиаҳо гузаронидаву зинда нигаҳ доштааст.

Оре, миллати мо имрӯз фақат як сипари наҷот дорад, ки ин ваҳдати миллӣ ва пойдории он аст, ки асос бар муҳаббати ҳамдигарӣ ва Ватани азизамон дорад.

ТОҶИКИСТОНРО НАХОҲАМ ДОД

Ин фазо, ин марз, ин хонро нахоҳам дод,

Остони модари ҷонро нахоҳам дод,

Ҷон бихоҳам дод, ҷононро нахоҳам дод,

Ин шараф, ин нанг, ин шонро нахоҳам дод,

Тоҷикистонро нахоҳам дод!

Кишвари оби мусаффо, марзи поконам,

Кишвари покизарӯ, покизаимонам,

Кишвари зелол, зоди зулҷалолонам,

Ман зулолии дилу ҷонро нахоҳам дод,

Тоҷикистонро нахоҳам дод

Кӯҳсоронат, Ватан, сарсахту сангин аст,

Халқи кӯҳистони ту кӯҳи батамкин аст,

Сарзаминат з-озарахши ишқ озин аст,

Суғду Хатлону Бадахшонро нахоҳам дод,

Тоҷикистонро нахоҳам дод!

Ман ҷаҳонро андар ин оина мебинам,

Дар фурӯғи ҳикмати дерина мебинам,

Ганҷҳояшро даруни сина мебинам,

Ин адаб, ин фазли неконро нахоҳам дод,

Тоҷикистонро нахоҳам дод!

Захми мозӣ монда то имрӯз дар ҷонам,

Ман ҳанӯз аз оташи дарди ту сӯзонам,

Бо ту, Меҳан, бо ту, Меҳан, бо ту мемонам,

Озарахши ҷони сӯзонро нахоҳам дод,

Тоҷикистонро нахоҳам дод!

Сангҳоятро ба хунам ранг хоҳам кард,

Ҷони худро бар сари ҳар санг хоҳам кард,

Ҳарчи дорам дар сари ин нанг хоҳам кард,

Лек хоки пойи поконро нахоҳам дод,

Тоҷикистонро нахоҳам дод!!!

Февраль 6, 2022 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон стентгузории маҷрои ғадуди зери меъда анҷом дода шуд
Намояндагони иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии иттифоқҳои касабаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсӣ-адабӣ баргузор гардид
«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». Дар Душанбе озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО ДИАБЕТИ ҚАНД. Парҳез кардан- муборизаи асосӣ бар зидди ин беморӣ аст
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Рӯйхати миллии доруҳои асосӣ бозбинӣ шуд
Табибони тоҷик зиёда аз 100 амалиёти ҷарроҳии бариатрикӣ гузарониданд
Дар мавзуи «Асолат ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар даврони истиқлолият» конференсия доир шуд
Дар Тоҷикистон амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд