Ватан мояи ифтихору сарбаландист ва хизмат ба он шараф аст,-бардошт аз мулоқот бо хизматчиёни ҳарбӣ
ДУШАНБЕ, 20.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 29-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо ҳайати шахсии як қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор шуд. Зимни он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки «имрӯз хизматчиёни ҳарбии мамлакат уҳдадориҳои хизматии худро бо дарки баланди масъулият иҷро карда, сипари боэътимоди халқу Ватан будани худро исбот намуда истодаанд».
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ аъзои Шӯрои куҳансолон Аҳтам Назарзода гуфт, ки «Ватан мояи ифтихору сарбаландии ҳамаи мо ба шумор рафта, хизмат ба он вазифаи ҳар шаҳрванд мебошад. Мо худ шоҳид будем, ки афсарони далеру шуҷои мо дар майдонҳои набард борҳо бар зидди гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, қочоқи маводи мухаддир мардонагиву далерӣ нишон дода, истиқлолияти мамлакат, сулҳу субот, амнияти миллӣ ва тартиботи ҷамъиятии кишварро ҳифз ва уҳдадориҳои ҳарбии худро бо сари баланд иҷро намудаанд. Чунонки Пешвои миллат ҳангоми вохӯрӣ бо ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, аз ҷумла таъкид доштанд, «мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд».
Раиси Шӯрои собиқадорони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Худойқулов иброз намуд, ки баъд аз ҳазор сол мо – тоҷикон соҳиби давлат ва истиқлолият гардидем ва яке аз рукнҳои асосии арҷ гузоштан ба ин рукни давлатӣ – ҳифзи марзу буми давлатии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, ҳар ҷавони аз лиҳози маънавӣ ва ҷисмонӣ солим вазифадор аст, ки истиқлолияти Ватани азизу маҳбуби худро ҳифз кунад ва ин яке аз шартҳои асосии давлатдорӣ мебошад. Зеро ҳар давлат лашкару аскар дорад, яъне ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ба он вазифадор карда шудааст.
«Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва то имрӯз имтиҳонҳои сангини ҳаётро паси сар кард ва мо дар тӯли 29 – соли истиқлолияти мамлакат мушоҳида мекунем, ки саҳми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар таъмини амният, тамомияти арзӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар ниҳоят калон аст. Мехоҳам бо ифтихор ба шумо –аскарон нақл кунам, ки ман дар замони Шӯравӣ дар ҳамин қисми ҳарбии шумо хизмат карда будем, ки дар он вақт мо дар ин қисми ҳарбӣ 7 нафар тоҷик будем, дигарон аз қавму миллатҳои шӯравӣ буданд. Имрӯз чунонки мебинед, тамоми шароит дар қисми ҳарбӣ муҳайё карда шудааст, то шумо-фарзандони азиз хизмати аскарии худро бо сари баланд адо намоед»,-гуфт мавсуф.
Дар фарҷоми вохӯрӣ бо фармоиши Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба як гурӯҳ афсарону курсантон сипосномаҳо тақдим гардид.
АКСҲО: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон








Дар Деҳлии Нав Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ идома дорад
Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ густариш меёбад
Фарҳод Раҳимӣ: «Паёми Президенти Тоҷикистон заминаи стратегии рушди иқтисодӣ ва худшиносии миллӣ аст»
Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Дар Тоҷикистон Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода мешавад
Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд
Аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
Таҷрибаи ислоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ муаррифӣ карда шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ҷамъбаст гардид
Дар Тоҷикистон кадом навъи бемории зуком хуруҷ намудааст?
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ оид ба нақши зан дар Туркманистон иштирок намуд






