35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Ба пешвози ин ҷашн дар Кӯлоб иншооти маданиву маишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд

Март 29, 2022 16:44

ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ  дар шаҳри Кӯлоб якчанд иншооти маданиву маишӣ ва хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар  бахши матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд, бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар деҳаи Бахтободи Ҷамоати деҳоти «Зиракӣ» мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ва сехи истеҳсоли хишти сементӣ мавриди истифода қарор гирифта, 8 нафар сокинон бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд. Минбаъд сокинони чанд деҳаи ин ҷамоат имкон доранд, ки ин масолеҳи сохтмониро бо нархи дастрас аз ин нуқта харидорӣ кунанд.

Дар деҳаи Маҳмадалӣ Ғаффори ҷамоати мазкур аз тарафи соҳибкорон майдончаи варзишии футболи хурди ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин тадбир дар заминаи ҷалби бештари наврасону ҷавонон ва сокинон ба ташаккули тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гардидааст. Ҳамчунин  чунин  майдончаи варзишии дигар дар Ҷамоати деҳоти «Даҳана» ба истифода дода шуд.


Инчунин дар деҳаи Лавоваи Ҷамоати деҳоти «Даҳана» бинои замонавии бунгоҳи тиббӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бояд гуфт, ки солҳои зиёд сокинони ин деҳа аз набудани бунгоҳи тиббӣ танқисӣ дошанд.

Дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб маркази чакандӯзӣ ва кошонаи ҳусн ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин марказ занону бонувони ҳунарманд имкон доранд чакандӯзию кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои мардумиро равнақ бахшида, аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти истеҳсолшуда сатҳи зиндагии хешро беҳтар намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар марказ беш аз 20 нафар ҳунармандон ҷалб шуда, метавонанд дар баробари омода сохтани армуғонҳо фармоиши ансамблҳо ва ширкатҳоро ҷиҳати омода намудани либоси саҳнавӣ қабул ва омода созанд.

 

АКСҲО:МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Март 29, 2022 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд