Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ ширкат намуд

Март 29, 2022 10:38

ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар  ҷаласаи 24-уми Мақоми ёрирасон оид ба масъалаҳои илмӣ-техникӣ ва технологӣ (SBSTTA-24), ҷаласаҳои 3-юми Мақоми ёрирасон оид ба татбиқи Конвенсия (SBI-3) ва Гурӯҳи кории Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (WG2020-3), ки аз 14 то 29 март дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор гардид, Ҷумҳурии  Тоҷикистонро кормандони масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ намояндагӣ намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар ҷаласаҳо  масъалаҳои раванди мониторинг дар чаҳорчӯби иқдом пас аз соли 2020 барои ҳифзи гуногунии биологии баҳрӣ ва соҳилӣ, гуногунии биологӣ ва кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва саломатӣ ва намудҳои бегонаи инвазивӣ баррасӣ гардиданд.

Иштирокдорони ҷаласаҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба  биологияи синтетикӣ, арзёбии хатарҳою идоракунии организмҳои тағйирдодаи генетикӣ ва барномаи кории Платформаи байниҳукуматии сиёсати илмӣ оид ба гуногунии биологӣ ва хадамоти экосистемавиро муҳокима намуданд.

 

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Март 29, 2022 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид