Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд иштирок намуд

Март 28, 2022 10:39

ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд, ки 24-26 март дар Узбекистон доир гардид, иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад. 

Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд платформаи нав барои тақвияти ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб шуда, дар он иқтидори сармоягузории Узбекистон ба доираҳои сармоягузор ва соҳибкорон муаррифӣ гардид. Дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд  роҳбарону намояндагони институтҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ, вазоратҳои сармоягузории кишварҳои хориҷӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, дар маҷмӯъ беш аз 1500 нафар иштирок намуданд.

Иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд масъалаҳои сармоягузорӣ, густариши ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон, ҳамкории логистикӣ ва интиқоли молу маҳсулот миёни кишварҳо, коркарди хатсайрҳои нави боркашонӣ, содагардонии транзити молҳои содиротшаванда  ва дигар масъалаҳоро муҳокима намуданд.

Тоҷикистонро дар Форуми  байналмилалии сармоягузории Тошканд Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва гурӯҳи соҳибкорон намояндагӣ намуданд.


Дар Форум роҳбарону намояндагони беш аз  30 ширкат ва соҳибкорони тоҷик фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ бо доираҳои тиҷоратии Узбекистон ва дигар давлатҳои иштирокчӣ гуфтушунид гузарониданд.

Ҳайати  кишварамонро дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамроҳӣ намуд.

 

 АКСҲО: Сафорати ҶТ дар ҶУ

Март 28, 2022 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид