«ҲАМА ҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ…». Дар Хоруғ ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид

Март 23, 2022 11:37

ДУШАНБЕ,  23.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 март дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Хоруғ баргузор гардид, ки дар он  Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва дигар намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Дар оғози чорабинӣ ҳайати расми аз намоишгоҳи соҳаи кишоварзии вилоят дидан намуда ба ташкилкунандагони намоишгоҳи мазкур баҳои баланд доданд. Баъд аз ҷамъбасти намоиш меҳмонон дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот сокинони вилоят ва меҳмононро ба муносибати рӯзи Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфта зикр кард, ки  дар ин иди баҳорон сокиноне, ки дар ободонии Ватан саҳми худро пайваста мегузоранд, муборакбодии беандоза, умри дароз, саломатии комил, хушҳолии беканор ва баракати зиёди зиндагӣ насибашон бошад.

Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон иштирок намуда сокинони вилоятро бо ин рузи саид аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Ӯ афзуд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо эҳёи анъанаҳои ниёгон ва дар маҷмӯъ, масъалаи маънавиёт ҳамеша дар мақоми аввал қарор дошта, таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои ватандӯстона таҳаввулоти маданӣ амалӣ гардида, имкон оварда шуд, ки дар Тоҷикистон гузариши амиқи иҷтимоиву маданӣ ва баромадан ба зинаи нав дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт таъмин гардад.

Ёдовар мешавем, ки дар дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ тантанаҳои наврӯзӣ ҷараён гирифта, бо шукуҳу шаҳомат ва бо оростани дастархони идонаи «ҳафт син» ва «ҳафт шин» ин иди аҷдодиро таҷлил намуданд.

Аксҳо: МИҲД-и ВМКБ

Март 23, 2022 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд