«Амонатбонк»: Маблағҳои интиқолии тавассути низоми «Вестерн Юнион» воридшударо то 24 март дастрас намоед

Март 15, 2022 10:55

ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба таваҷҷуҳи шаҳрвандоне, ки аз хизматрасонии интиқоли маблағҳо тавассути низоми байналмилалии интиқоли пули «Вестерн Юнион» истифода мебаранд, мерасонад, ки низоми интиқолии мазкур фаъолияти худро дар кишварҳои Русия ва Беларус аз 24 марти соли 2022 қатъ менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Аз ин рӯ, «Амонатбонк» аз муштариён хоҳиш менамояд, ки маблағҳои интиқолии тавассути ин низом воридшударо то 24 марти соли равон аз филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии «Амонатбонк» қабул намоянд.

Амалиёти интиқолӣ тавассути низоми байналмилалии интиқоли пули «Вестерн Юнион» дар дигар кишварҳо, ба ғайр аз Русия ва Беларус чун давраи муқаррарӣ фаъолият менамоянд.

 

АКС: БДА ҶТ «Амонатбонк».

Март 15, 2022 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд