«Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ». Дар муассисаи таълимии Норак хониши сиёсӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 март аз рӯйи даҳ самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ» миёни ҷавонони 14-17-сола дар муассисаи таълимии рақами 9-и шаҳри Норак хониши сиёсӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.
Дар он мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак Азамат Зайниддинов, мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Зебо Мирзозода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомот Ҳабиба Шулашова, намояндаи бахши фарҳанги шаҳр Иззатулло Алиев ва намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр иштирок намуданд.
Масъулин зимни хониши сиёсӣ оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки зимни Паёми навбатӣ баён намуданд, ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, маърифати шаҳрдорӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ ва таърихи 30 соли рушду тараққиёти мамлакат, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа сухан гуфтанд.
Ҳамзамон дар хониши сиёсӣ оид ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, ихтиёран хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, тарбияи кадрҳои баландихтисос, интихоби дурусти касб, иззату эҳтироми омӯзгорон ва хизмат намудан ба Ватан сухан гуфта шуд.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






