АЗ «АВТОБУС»-И ТОҶИКИСТОН ТО «АФРОДИ МАХФӢ»-И АМРИКО. Аз 14 то 18 март дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Душанбе Фестивали филмҳои ҶТ ва ИМА доир мегардад
ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 18 март дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров дар робита ба 30-солагии истиқрори муносиботи дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Фестивали филмҳои Тоҷикистон ва Амрико баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар МД «Тоҷикфилм».
Гуфта шуд, ки дар фестивали мазкур филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон ва Амрико пешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд.
13 март зимни маросими ифтитоҳи Фестивали филмҳои Амрикою Тоҷикистон дар кинотеатри мазкур алоқамандони кино, собиқадорону мутахассисони соҳа ва намояндагони Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин рӯз филми мустанади «Аз алла то вобалам»-и коргардон Аниса Собирӣ намоиш дода шуд.
Баргузории фестивали мазкур ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ миёни филмбардорони Тоҷикистону Амрико ва тақвияти робитаҳои фарҳангӣ мусоидат менамояд.
Нақшаи намоиши филмҳо:
14.03.2022, соати 15:30: филми ҳунарии «Селма» (ИМА). Коргардон: Ава Дюверней. Филм дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ҳомии ҳуқуқи сиёҳпӯстон Мартин Лютер Кинг ҳикоям мекунад ва соли 2015 соҳиби ҷоизаи «Оскар» шудааст.
14.03.2022, соати 17:00: филми ҳунарии «Падари моҳтобӣ» («Лунный папа»-и коргардон Бахтиёр Худойназров (истеҳсоли Тоҷикистон якҷоя бо Русия, Олмон, Швейтсария, Австрия, Ҷопон ва Франсия), ба забони русӣ бо зерматни англисӣ.
15.03.2022, соати 17:00: филми ҳунарии «Лигаи хусусии онҳо» (ИМА), ба забони англисӣ. Коргардон: Пенни Маршалл. Дар нақшҳо: Том Хэнкс, Ҷина Дэвис, Мадонна, Ҷимми Дуган.
16.03.2022, соати 17:00: филми ҳунарии «Автобус» (Тоҷикистон), ба забони тоҷикӣ бо зерматни англисӣ. Коргардон: Абдулҳай Зокиров. Дар нақшҳо: Мавлона Наҷмиддинова, Зарина Хушвахт, Абдулмӯмин Шарипов, Насриддин Нуриддинов.
17.03.2022, соати 15:30: филми ҳунарии «Афроди махфӣ» («Secret People», ИМА), ба забони англисӣ. Коргардон: Торолд Дикинсон.
18.03.2022, соати 14:00: филми ҳунарии «Сафари ҳавоӣ» («Air Safar»,Тоҷикистон), ба забони тоҷикӣ бо зерматни англисӣ. Коргардон: Далер Раҳматов.
ДАР АКС: лаҳзае аз филми «Селма»(ИМА)








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






