Ба 12 муассисаи таълимии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон созҳои миллии мусиқӣ тақдим гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 март ба 12 муассисаи таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 137 адад созҳои миллии мусиқӣ, аз қабили 20 рубоб, 20 рубоби прима, 12 дутор, 20 ғиҷҷак, 11 чанг, 6 конун, 10 танбӯр, 2 пианино, 16 най, 20 доира тақдим гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати мазкур.
Дар маросими тақдими созҳои мусиқӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, сардорони раёсат, шуъба ва роҳбарони муассисаҳои таълимии тобеи вазорат иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки ин амал баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи фарҳанг ва мукаммалгардонии муассисаҳои таълимии тобеи вазорат бо созҳои миллии мусиқӣ роҳандозӣ шудааст.
Зулфия Давлатзода иброз дошт, ки «имрӯзҳо бо созҳои миллии мусиқӣ мукаммал намудани муассисаҳои таълимии тобеи вазорат заруриву саривақтӣ буда, бо боварии комил метавон гуфт, ки наврасону ҷавонони бофарҳангу санъатдӯсти мо тавассути онҳо санъати навозандагиро аз худ менамоянд».
АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ










«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






