Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ мусобиқаи бандкашӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 март бахшида ба Иди байналмиллалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқаи даставии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ оид ба бандкашӣ байни дастаҳои ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони шаҳр баргузор гардид. Дар натиҷа ҷойи аввалро дастаи варзишгарони Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, мақоми дуюмро дастаи варзишгарони қисми мустақили 5-и ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Синои пойтахт ва зинаи сеюмро дастаи варзишгарони қисми мустақили 1-и ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ишғол намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мусобиқаи намуди бандкашӣ 17 дастаи варзишгарони Хадамоти давлатии оташнишонӣ байни худ қувваозмоӣ намуданд.
Тавре саркотиби мусобиқа-муҳандиси калони шуъбаи хизмат ва омодагии СХДО ВКД ҶТ, подполковники хизмати дохилӣ Шариф Шарифзода гуфт, мусобиқаи даставии мазкур мутобиқи қоидаҳои Федератсияи байналмиллалии TWIF (бо анъанаҳои миллӣ) таври олимпӣ, яъне хориҷ шудан баъди бохт гузаронида мешаванд. Ҳайати дастаҳо аз 7 нафар варзишгар ва 1 нафар мураббӣ иборат буда, дастаҳои варзишгарон мувофиқи қуръапартоиӣ қаблӣ бо якдигар рақобат мекунанд. Ғолибони мусобиқа бошанд, аз рӯи шумораи зиёди ғолибият муайян карда мешаванд.
Дар интиҳои чорабинӣ ёрдамчии сардори СХДО, подполковники милитсия Аслиддин Шоҳиён ба ғолибони мусобиқа Ҷому Диплом ва Ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
АКСҲО: ВКД ҶТ










Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






