«БАРОИ ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ТОҶИКИСТОН…». Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Туркия бо Сипосномаи Сафорати ҶТ қадрдонӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, чанд рӯз қабл дар Истамбул мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷики муқими ин кишвар доир гардид. Дар мулоқот роҳбари намояндагии дипломатии кишвари мо ба ҳозирин нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дод.
Дар ҷараёни мулоқот таваҷҷуҳи пайваста ва доимии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, зиндагӣ ва кору фаъолияти ҷавонон, занону бонувон, рӯзгори муҳоҷирон зикр гардид, инчунин масомили доғи рӯз, аз ҷумла чолишҳои замони муосир, хатари созмонҳои экстремистию террористӣ ба шуури ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мулоқот ба хотири таҳкими дӯстӣ миёни шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия ва ҳамкории онҳо бо намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар роҳандозӣ гардид.
Дар фарҷоми мулоқот Сафири Тоҷикистон Ашрафҷон Гулов ба як гуруҳ шаҳрвандони фаъоли Тоҷикистон, ки дар Туркия кору зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла ба хабарнигори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар Туркия Манижа Мақсуд Сипоснома тақим намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»









Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






