Беш аз 100 ширкату корхонаҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия дар Форуми сайёҳӣ дар Истанбул иштирок намуданд

Март 4, 2022 10:30

ДУШАНБЕ, 04.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 100 ширкату корхонаҳои соҳаҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия дар Форуми сайёҳии Тоҷикистону Туркия, ки 3 март дар меҳмонхонаи «CVK Park Bosphorus»-и Истанбул доир гардид, иштирок намуданд. Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Туркия ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадафаш тақвияти ҳамкории ду кишвар дар бахши сайёҳӣ мебошад.

Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар қисмати расмии форум муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия Надир Алпаслан, муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов ва Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл сухан намуда, баргузории форуми сайёҳиро қадами муассир дар таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар бахши сайёҳӣ арзёбӣ намуданд.

Дар Форуми сайёҳӣ коршиносону масъулини соҳаи туризми Тоҷикистон ва Туркия бо пешниҳоди рӯнамо ва наворҳои ҷолиб вобаста ба табиати нодир ва дигар имконияти сайёҳии ҳарду давлат ибрози назар намуданд.


Дар ҳошияи Форуми сайёҳӣ 12 ширкати тоҷикию туркӣ «Намоишгоҳи мавод ва маҳсулоти ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия»-ро ташкил намуданд.

Инчунин дар доираи Форуми сайёҳӣ вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия дар сиғаи «B2B» ва бо мақомоти марбутаи ҷонибҳо дар сиғаи «B2G» ташкил гардида, ширкатҳо имкон пайдо намуданд, ки санадҳои ҳамкорӣ ба имзо раcонанд.

Дар анҷоми Форуми сайёҳӣ ба иштирокчиён зиёфат бо пахши наворҳои муаррифи табиату фарҳанг ва имконияти сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия ташкил карда шуд.

 

АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Март 4, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад