Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» мушкилоти ҷаҳонии обу иқлим баррасӣ мешаванд

Март 28, 2022 09:55

ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 80 фоиз моеъи партовҳои дар  натиҷаи фаъолияти инсон ҳосилшуда бидуни ягон коркард ба дарё ё баҳрҳо партофта мешавад, ки ин ба ифлосшавии об оварда мерасонад. Тибқи маълумоти СММ, зиёда аз 40%-и аҳолии ҷаҳон аз норасоии об азият кашида, афзоиши он аз эҳтимол дур нест. Бемориҳои марбут ба набудани оби тоза ва беҳдошт ҳанўз ҳам яке аз маъмултарин омилҳои фавт миёни кўдакони то 5-сола боқӣ мондаанд.

Тибқи маълумоти СММ, ҳамарўза бештар аз 800 нафар кўдак аз бемориҳое  вафот мекунанд, ки  аз сабаби шароити пасти беҳдошт  ба вуҷуд меоянд. Сатҳи кофии таъминоти об ва беҳдошт дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла, барои тарзи ҳаёти солим ва баробарии гендерӣ нақши муҳим дорад. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола зиёда аз 2 млн одам, бахусус кӯдакон дар саросари олам бар асари сифати пасти шароити беҳдошт ва набудани захираҳои об мефавтанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори ҳалли масоили об тавонистааст таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба масъалаи истифодаи мақсадноки об дар роҳи расидан ба рушди устувор ҷалб намояд. Пешниҳоди ташаббуси чаҳоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои  2018 – 2028  бозгўи он аст, ки  мамлакати мо ба об на ҳамчун манбаи ҳаёт, балки ҳамчун омили рушди устувор назар менамояд.

Тафсилоти бештар вобаста ба масъалаи мушкилоти норасоии об ва нақши ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли масоили обу иқлим имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии “Сарват”–и радиои “Ховар” бо иштироки коршиноси масоили экологии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Асоев дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.

 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Март 28, 2022 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШАББУСҲОИ МАРБУТ БА ОБИ ТОҶИКИСТОН. Баррасии масъала дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ЭЛЕКТРОМОБИЛҲО ВА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи мазкур мавриди таҳлил қарор мегирад
Дар барномаи «Гуфтугӯ»-и Радиои «Ховар» вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди инфрасохтори ноҳияи Ванҷ таҳлил мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023 ВА ПАЙОМАДҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Баррасии масъала дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
Дар барномаи «Гуфтугӯ»-и Радиои «Ховар» вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва нигаҳдошти маконҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Ишкошим баррасӣ мешавад
ДАР МАВҶ БАРНОМАИ «ГУФТУГӮ»-И РАДИОИ «ХОВАР». Дар доираи Солҳои рушди саноат дар Хоруғ 20 корхонаи саноатӣ бунёд мегардад
Дар барномаи таҳлилии «Сарват» — и Радиои «Ховар» аҳамияти сохтмони НБО-и «Роғун» баррасӣ мешавад
Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ дар арафаи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд тавзеҳ меёбанд