Дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 09.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 29 март дар роҳҳои шаҳри Душанбе ва шоҳроҳи Душанбе – Рӯдакӣ — Хуросон – Бохтар – Душанбе Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ байни наврасон, ҷавонон, калонсолон, бонувон ва шахсони имконияташон маҳдуди кишварҳои минтақаи Осиё баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.
Тавре дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиши велосипедронӣ, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ баргузор мегардад.
Мусобиқаҳои варзишии мазкур бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили иди байналмилалии Наврӯз, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим доир гардиданд.
Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки дар доираи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ аз 17 то 22 марти соли равон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2022 Мусобиқаи 3-юми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ миёни мардон ва бонувон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» баргузор карда мешавад.
АКС: бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






