Дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ доир мешавад

Март 9, 2022 16:38

ДУШАНБЕ, 09.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 29 март дар роҳҳои шаҳри Душанбе ва шоҳроҳи Душанбе – Рӯдакӣ — Хуросон – Бохтар – Душанбе Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ байни наврасон, ҷавонон, калонсолон, бонувон ва шахсони имконияташон маҳдуди кишварҳои минтақаи Осиё баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.

Тавре дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиши велосипедронӣ, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ баргузор мегардад.

Мусобиқаҳои варзишии мазкур бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили иди байналмилалии Наврӯз, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим доир гардиданд.

Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки дар доираи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ аз 17 то 22 марти соли равон  дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2022 Мусобиқаи 3-юми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ миёни мардон ва бонувон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» баргузор карда мешавад.

 

АКС: бойгонии АМИТ «Ховар»

Март 9, 2022 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд