Дар Душанбе оид ба фарҳанги истифодаи Интернет ва бехатарии наврасон дар шабака мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Маркази рушди касбияти Муассисаи таълимии давлатии «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» дарс – вохӯрии номзади илмҳои педагогӣ, директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Шавкат Каримзода дар мавзӯи «Фарҳанги истифодаи Интернет ва бехатарии наврасон дар шабака» бо хонандагони муассиса баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Шавкат Каримзода зимни суҳбати озод бо хонандагон зикр намуд, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, ташкили махзани рақамии ягонаи маводи таълимии электронӣ, рушди заминаҳои муосири моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба воситаи мунтазам аз нав таҷҳизонидани онҳо бо техникаву технологияҳои ҳозиразамон ва ташкили торнамои (портали) ягонаи итгилоотии соҳаи маорифи ҷумҳурӣ равона гардидааст.
Аз ин рӯ ҳамасола барои ба низоми ягонаи иттилоотию коммуникатсионӣ ворид гардидани соҳаи маорифи пойтахт якчанд барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳо қабул карда шуданд.
“Насли наврасро зарур аст, ки бо истифодаи дурусти технологияҳои иттилоотӣ ба илмомӯзӣ, омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ рӯй оварад ва дар оянда ба пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омӯзишу аз худ кардани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ ва навовариву ихтироъкорӣ такя намуда, мутахассиси соҳибкасб гардад. Дар шароити имрӯза, ки талабот ба кадрҳои соҳибкасб дар бозори меҳнат зиёд мешавад, хонандагонро зарур аст, ки илмҳои замонавиро аз худ намуда, ба стандартҳои байналмилалӣ баробар гарданд”,-афзуд мавсуф.
Дар идома миёни Шавкат Каримзода ва хонандагон суҳбати самимӣ доир гардида, хонандагон озодона саволҳои худро пешниҳоди меҳмон гардониданд. Хонандагони Муассиса бобати интихоби бошууронаи касб, роҳҳои муваффақ гардидану соҳибихтисос гаштан ва усулҳои аз худ намудани илмҳои муосиру забонҳои хориҷӣ мароқ зоҳир намуданд.
Дар муассисаи мазкур бо мақсади омодагии хонандагон ба фаъолияти мустақилона, дуруст интихоб намудани касб Маркази рушди касбият таъсис дода шудааст, ки вазифаи асосии он бевосита маълумоти мушаххас додан оид ба касбу кори гуногун, мусоидат дар интихоби дурусти касб, ташкили семинарҳои омӯзишӣ бо шахсони муваффақ дар ҷодаи фаъолияти касбӣ ва машварати касбӣ мебошад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд






