Дар Душанбе оид ба тартиби бақайдгирӣ ба Феҳристи давлатии содироткунандагон ҷаласаи корӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 10.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе оид ба тартиби бақайдгирии шахсони содироткунанда ба Феҳристи давлатии содироткунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, бахши хусусӣ, шарикони рушд ҷаласаи корӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа директори Агентӣ Шавкат Бобозода зикр намуд, ки айни замон Агентии содирот бо мақсади мукаммалгардонии низоми миллии дастгирии содирот бо вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ҳамкорӣ дорад. Ҳамзамон ҷиҳати муайян намудани дурнамои иқтидорҳои содиротӣ Агентии содирот якҷо бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Феҳристи давлатии содироткунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.
«Мақсад аз таҳияи ҳуҷҷати зикргардида- ин дуруст ва дақиқ муайян кардани дурнамои иқтидорҳои содиротии мамлакат ва нишондиҳандаҳои иқтисодии рушди амалиёти содиротӣ мебошад. Субъектҳои хоҷагидоре, ки ба Феҳристи давлатии содиркунандагон дохил карда мешаванд, аз имтиёзҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» пешбинишуда ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки истифода баранд»,- афзуд Шавкат Бобозода.
Дар ҷаласа тартиби бақайдгирии шахсони содироткунанда ба Феҳристи давлатии содироткунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, аз ҷониби иштирокдорон пешниҳодҳо оид ба феҳристи мазкур ироа гардид, ки мавриди муҳокима қарор дода шуд.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






