Дар Хатлон бахшида ба ҷашни Наврӯз мусобиқаҳои гӯштини миллӣ ва бузкашӣ доир мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 21 март дар вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ оғоз мегарданд. Барномаи театрӣ ва савту навои дилангез бо иштироки ҳунармандони ҷумҳурӣ пешниҳоди сокинон ва меҳмонони вилоят гардида, баҳри ҳаводорони варзиш мусобиқаҳои гӯштини миллӣ ва бузкашӣ доир мешаванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
21 март, соати 10:00 дар варзишгоҳи марказии «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз бо иштироки ҳунармандони шинохта ва ҳаҷвнигорон баргузор мегардад. Инчунин дар ин рӯз чорабиниҳои иловагии фарҳангӣ – варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Ҷалолиддини Балхӣ доир мешаванд.
21 март, соати 10:00 дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Дӯстӣ ва дар ҳамин рӯз, соати 14:00 баргузории мусобиқаи бузкашӣ дар Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияти давлатӣ»-и ноҳияи мазкур дар назар дошта шудааст.
Ҳамчнин гуфта шуд, ки баргузории барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳанармандони ноҳияи Ҷайҳун дар варзишгоҳи марказии ноҳия, дар ин сана соати 10:00 ва дар ҳамин рӯз ташкилу баргузории мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ, соати 14:00 ва баргузор намудани мусобиқаи пойгаҳ ва бузкашӣ дар Ҷамоати деҳоти Панҷ, соати 11:00 дар назар аст.
Бахшида ба ҷашни байнилмилали дар варзишгоҳи навбунёди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барномаи театрии фарҳангӣ 21 март, соати 10:00 ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз, соати 10:00 дар варзишгоҳи ба номи Уктам Амакови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Ҷамоати шаҳраки Балх мусобиқаи гӯштини миллӣ, инчунин дар ҳамин рӯз, соати 10:00 дар Ҷамоати шаҳраки Балх, деҳаи Сомониён мусобиқаи пойгаҳи аспдавонӣ ва бузкашӣ баргузор мегарданд.
Мухлисону ҳаводорон ва паҳлавонону човандозҳо метавонанд дар ин чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ, ки бахшида ба ҷашни байналмилалӣ Наврӯз дар фазои орому осудаи Тоҷикистон, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон доир мешаванд, иштирок намоянд.
Акс аз манбаъҳои боз








Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд






