Дар «Кохи Борбад» намоиши молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ташкил мегардад

Март 22, 2022 11:32

ДУШАНБЕ, 22.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон 25, 26 ва 27 март сокинону меҳмонони пойтахт имкон  доранд, дар  «Кохи Борбад»-и пойтахт  аз намоишгоҳи молу маҳсулоти гуногуни истеҳсоли ватанӣ  боздид ва харид намоянд, хабар доданд дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар».

Намоишгоҳи  молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2022» гузаронида шуда, дар он беш аз 30 ширкату корхонаҳои истеҳсолию маишии Тоҷикистон, назири «Рамазон», «Файзи Расул», «Покиза», «Ҳавас», «Баҳори пурфайз», «Мармарӣ», «Кок», «Раҳмат-2004»,  «Шоколатье», «Шири Душанбе», «Молочная радость», «Фаровон-1», «Авицена», «Сиёма», «Шоҳамбарӣ», «Артел», «Рамис», «Химус», «Евродент», Маркази зебоии «Сафия», «Қолинҳои форс», «Parimatch», «Ҳимоя» молу маҳсулоти хушсифат ва намудҳои гуногуни хизматрасониҳоро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.

Намоиш ва фурӯши молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ва ширкати «Тайрон» дар доираи лоиҳаи «Тағмаи писандидаи Тоҷикистон-2022» ташкил карда шуда, ҳадафаш тарғиби молу маҳсулоти ватанӣ, мусоидат ба беҳдошти сифати маҳсулот, коҳиши нархи маҳсулот дар бозор ва дастгирии соҳибкорони тоҷик мебошад. Маҳз соҳибкорон  неъматҳои моддӣ офарида, иқтисодиёти кишварро рушд медиҳанд ва ба сол то сол беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамоянд.

Сокинон ва меҳмонони  пойтахт имкон доранд аз намоишгоҳи молҳои истеҳсоли ватанӣ- гӯшти гов, гӯшти мурғ, ҳасибу ҳасибчаҳои хушмазза, орд, макарон, равған, тухм, шир, қаймоқ,  сметана, торт, намудҳои гуногуни қанду шоколад, кулчақандҳои бомазза, шарбатҳои табиии мевагӣ, обҳои газноку минералӣ ва анвои дигари маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳамчунин маводи шустушӯӣ, гилему қолинҳои хушранг, мошинаи ҷомашӯӣ, яхдон, тафдон, телевизор ва дигар таҷҳизоти рӯзгорро бо нархҳои  дастрас харидорӣ намоянд.

Дар намоишгоҳ барои меҳмонон ҳамчунин мавзеи дилхушӣ ташкил  шудааст.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Март 22, 2022 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид