Дар маҳаллаи 61-и шаҳри Душанбе маркази савдои «bi1» бо ранги нав ба фаъолият оғоз кард

Март 4, 2022 09:18

ДУШАНБЕ, 04.03.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар маҳаллаи 61-уми ноҳияи Фирдавсии пойтахт маркази тиҷоратии  «bi1»  дубора бо ранги нав ба фаъолият оғоз намуд,  иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ “Ховар”.

Дар маросими ифтитоҳи бинои мағоза намояндагони ҶСП “Шивер Тоҷикистон” ва  Раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, инчунин  меҳмонону сокинон иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки мағоза  24 соат фаъолият намуда, ба мизоҷон маҳсулоти худро бо нархи дастрас  ва аз ҷиҳати экологӣ тоза пешниҳод менамояд.

ҶДММ “Шивер Тоҷикистон” дар мамлакат дар пешрафти соҳаи савдо саҳми арзанда гузошта, ҳамчунин барои таъмин намудани ҷойҳои корӣ ва музди маоши хуб саҳми арзанда мегузорад.


Мавриди зикр аст, ки қариб ҳар моҳ дар ҳама гӯшаву канори  пойтахт супермаркети «bi1» ба фаъолият оғоз менамояд.

Бо даъвати соҳибкорони ватанӣ роҳбарияти ширкати фаронсавии “Шивер Интернейшнл” Гипермаркети нахустини “Ашан”-ро дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуд, ки алҳол фаъолият дорад. Мағозаи “bi1” яке аз шохаҳои ин гипермаркет мебошад.

Дар ҶСП “Шивер Тоҷикистон”  аз оғози ифтитоҳ 331 корманд фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 115 нафар занон ва духтарон мебошанд. Инчунин 3 нафарашон мутахассисони хориҷиянд, ки бо мақсади омӯзонидани кормандони маҳаллӣ омадаанд.

Дар ширкати мазкур Академияи Шивер ташкил шудааст, ки кормандон  дар он малакаи баланди касбӣ, муомилаву муошират бо мизоҷон, услуби корбарӣ омӯхта, соҳиби сертификат мегарданд.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Март 4, 2022 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ