Дар ноҳияи Ашт мактаб ба номи Баҳриддин Камолиддинов гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 24.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар саҳни бинои муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии №37-и Ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт маросими номгузорӣ ва бардоштани парда аз лавҳаи Арбоби шоистаи илму техника, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон Баҳриддин Камолиддинов баргузор гардид, хабар доданд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарони сохторҳои марбутаи соҳавӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Шодоба, ҳамкасбон, шогирдон, хешону пайвандон ширкат варзиданд.
Баъд аз ифтитоҳи лавҳа раиси ноҳия иброз дошт, ки «дар арафаи таҷлили ҷашнҳои бузургу таърихӣ, дар ин рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузории маросими номгузорӣ ва гузоштани лавҳа дар ин боргоҳи илму маърифат ба номи Арбоби шоистаи илму техника, Аълочии маориф ва Корманди шоистаи Тоҷикистон Баҳриддин Камолиддинов барои мо ва тамоми ҳамдиёрон шарафу ифтихор мебошад. Барои мо, сокинони ноҳияи Ашт ифтихори бузург аст, ки чунин инсони барӯманд, ватандӯст, забондон фахри тамоми миллати тоҷик зодаи диёри мо мебошад. Мо бояд номи неки он касро доимӣ дар қалбу фаъолиятамон абадӣ зинда нигоҳ дорем».
Зикр гардид, ки саҳми устоди барӯманду олими муътабар Баҳриддин Камолиддинов дар тарбияи шогирдон, олимони соҳаи филологияи тоҷик назаррасу шоиста аст. Устод дар фаъолияти корӣ ҳамчун олими забоншинос зиёда аз 260 мақола, асарҳои илмию методӣ, китобҳои дарсӣ, асари сеҷилдаи «Грамматикаи забони тоҷикӣ» ва даҳҳо рисолаҳои дигарро оид ба такмили забони тоҷикӣ эҷод намудааст.
Баҳриддин Камолиддинов зимни қабули «Қонуни забони давлатӣ» ба сифати узви комиссия дар радио, телевизион ва рӯзномаю маҷаллаҳо пайваста сухан гуфта, дар қабули қонун саҳми беназир дорад.
Фарзанди устод Фаридун Камолиддинов дар бораи хислатҳои нотакрори устод, ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, меҳнати софдилона барои бунёди забони ноби тоҷикӣ, эҷоди силсилаасарҳо, китобҳои услубшиносӣ ва такмили забони давлатӣ, хусусияти серталабӣ, инсондӯстию меҳрубониҳои падар ва дигар ёддоштҳояш сухан гуфт.
Ёдовар мешавем, ки чанд муддат пеш дар Ҷамоати деҳоти Понғоз, дар маҳаллаи зисти устод кӯчаи марказӣ ба номи Баҳриддин Камолиддинов гузошта шуд.
АКСҲО: МИҲД н. Ашт








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






