Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Нақши занон дар ташаккули давлати тоҷикон» ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 март бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба Рӯзи Модар мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши занон дар ташаккули давлати тоҷикон» баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Саодат Шукурова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуснигул Одиназода, шоираи халқии Тоҷикистон Меҳринисо Бобобекова, мушовири Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Марҳабо Латифзода, шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ва бонувони фаъол иштирок намуданд.
Абдураҳим Шоҳиён ҳозиринро ба Рӯзи зан-модар табрику таҳният намуда, зикр кард, ки саҳми босазои занону бонувон дар рушди устувор ва пойдории давлат назаррас аст.
Дар идомаи ҳамоиш иштирокчиён атрофи «Нақши занон дар ташаккули давлати тоҷикон» суханронӣ намуданд. Аз ҷумла Меҳринисо Бобобекова тазаккур дод, ки «модар воқеан нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш аст, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид»,- иброз дошт М. Бобоекова.
Ҳамзамон Муҳаммад Ғоиб оид ба васфи зан-модар ҳамчун олиҳа ва гавҳари бебаҳо ибрози андеша намуда, аз эҷодиёти худ вобаста ба мақоми зан-модар баҳри ҳозирин шеърҳо қироат кард.
Дар интиҳо занону бонувони собиқадор ва фаъоли ҲХДТ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардонида шуданд.
АКСҲО: КИ ҲХДТ









Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






