Дар ноҳияи Шаҳринав ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳимоя мегардад
ШАҲРИНАВ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 март кормандони Маркази давлатии ташхисию санитарии ноҳияи Шаҳринав дар якҷоягӣ бо мутахассисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани маърифати истеъмолкунандагон дар байни аҳолӣ ва соҳибкорони мағозаю бозорҳои ноҳия вохӯрию суҳбатҳо доир намуда, ба сокинон оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бо мақсади иҷрои банди 2 қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил аз 18 октябри соли 2011 оид ба татбиқи давраи дуюми Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ намудааст, ки дар он сохторҳои дахлдор ба таври мушаххас доир ба ҳифзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мунтазам дар бозору мағозаҳо санҷишҳои муштарак гузаронида, маҳсулоти пастсифату муҳлаташон гузаштаро мусодира карда, нобуд месозанд.
Ҳамчунин барои боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳу сифат ва бехатарии мол, кор ва хизматрасонӣ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, тавассути воситаҳои ахбори омма мақолаю гузоришҳо нашр карда мешаванд.
Дар асоси талаботи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав Маркази машваратӣ бо телефони боварӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фаъолият менамояд, ки ҳар шаҳрванд метавонад тавассути он бемамониат арзу шикояти худро расонад.
Масъулини ноҳияи Шаҳринав иброз доштанд, ки шаҳрвандонро зарур аст барои ҷоннок шудани кори комиссия ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолиашон дар вақти харидории молу маҳсулот ба сифат, муҳлати истифода ва ҳуҷҷатҳои маҳсулот аҳамият диҳанд ва ба ин васила саломатии худ ва наздиконашонро эҳтиёт карда, аз ҳуқуқҳои истеъмолиашон ҳимоя намоянд.
АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав










Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






