Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи Аҷам дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи хуҷаста ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои водигӣ боридани борони кӯтоҳмудат дар назар аст. Дар ин рӯзҳо инчунин ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
20-21 март дар бештари минтақаҳои мамлакат ҳавои тағийрёбандаи бебориш дар назар буда, 22 март дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон дар назар аст. 23 март дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд.
20-21 март ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5+6 ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз қисман абрнок ва тағйирёбанда мешавад. 21 март ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
21 март дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. 21 март ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Дар ин рӯзҳо ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. 21 март ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа гарм то 4 дараҷа гарм мешавад.
Ба таъбири кишоварзон, «соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост». Яъне баҳоре, ки бо файзи борон оғоз мешавад, дар он неъмат зиёд аст.
Воқеан, яке аз ҳикматҳои Наврўз ин аст, ки дар ин фасл борони найсон меборад. Он аз боронҳои дигар бо суду баракаташ фарқ мекунад. Абрҳои осмон ҳам гӯё Наврӯзро истиқбол намуда, гоҳ ҷамъу гоҳ парешон сайру гашти идона менамоянд. Гунҷишкакон пару бол афшонда, дар фазои бекарон села-села пар мезананд. Абрҳои озар аз хурсандӣ бо тири борон гунҷишкаконро нишон мегиранд.
Дар само роиҳаи мушки Хутан.
Муждае аз қадами Наврӯз аст.
Гиряи абру тулӯи хуршед.
Ҳадяи молики пандомӯз аст.
Абр мегиряду гул менозад.
Абр мегиряду гул механдад.
Гиряе ҳаст, ки ӯ зинда шавад.
Гармие ҳаст, ки зебанда шавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






