Дар шаҳри Кӯлоб туйи 35 ҷуфт ҷавонон ва хатнасури 230 нафар писарбача аз оилаҳои ниёзманд баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 25.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 март бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташабуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва шахсони саховатпеша туйи домодию арӯсии 35 ҷуфт ҷавонон ва хатнасури 230 нафар писарбача аз оилаҳои ниёзманд барпо шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Ба ин оилаҳо ҷиҳози рӯзгор, аз қабили телевизор, яхдон ва маблағҳои пулӣ тақдим гардида, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ақди никоҳ супорида шуд.
Тӯйи домодию арӯсии ин ҷавонони хуштолеъ идомаи дастгирии оилаҳои ниёзманд ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии онҳо буда, ин амали шоиста аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб минбад низ идома дода мешавад.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб










Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






