Дар Суғд Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 9 апрел дар вилояти Суғд ба истиқболи 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Тибқи барномаи тасдиқшуда, маросими кушодашавии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳии маркази вилоят сурат гирифта, давоми ҳафта дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Зафаробод, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров маҳфилҳои гуногун, аз ҷумла «Шоҳномахонӣ» ва «Ҳофизхонӣ» гузаронида мешаванд.
9 апрел маросими ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ баргузор гардида, иштирокчиёни фаъоли фестивал бо туҳфаҳо қадршиносӣ карда мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






