Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллиард сомонӣ сармоя истифода карда шуд
ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Давоми ду моҳи соли равон дар Тоҷикистон аз тамоми манбаъҳои молӣ беш аз 1,9 миллиард сомонӣ (150,3 миллион доллар) маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ истифода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,5 дарсад бештар аст. Дар ин бора avesta.tj бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар ин давра барои иншооти саноатӣ ба маблағи беш аз 1,1 миллиард сомонӣ ё 61,4 фоиз сармоягузорӣ аз худ карда шудааст.
Дар иншооти ғайриистеҳсолӣ сармоягузорӣ ба маблағи 752,5 млн сомонӣ ё худ 38,6 фоизи ҳаҷми умумии маблағгузории кишвар аз худ карда шудааст.
Дар сохтмони иншооти электроэнергетиӣ қариб 1 млд сомонӣ аз худ карда шудааст. Ҳаҷми сармоягузориҳои азхудшуда дар сохтмони иншооти энергетикӣ нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли 2021 1,7 баробар афзудааст.
Дар соҳаи нақлиёт ва алоқа 128,4 млн сомонӣ маблағгузорӣ ба фондҳои асосӣ аз худ карда шудааст.
АКС аз бойгонӣ








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






