Дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Беларус доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 март то 2 апрел Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон доир гардида, 30 март, соати 14:00, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров барои намояндагони ВАО баргузории нишасти матбуотӣ дар назар аст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар МД «Тоҷикфилм».
Дар ин рӯзҳо барои алоқамандони кино дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ филмҳои истеҳсоли Беларус намоиш дода мешаванд.
Алоқамандони синамо метавонанд аз ин филмҳо дидан намоянд:
30 март, соати 10:00, дар кинотеатри «Рӯдакӣ»-и ноҳияи Файзобод филми «Замони ҷанг одам будан»;
31 март, соати 10:00, дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе филми «Ахтарони осмони ҳафтум», соати 19:00, дар кинотеатри «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе филми «Ахтарони осмони ҳафтум», 31 март, соати 10:00, дар Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд филми «Моҷароҳои Прантиш Вирвич»;
31 март, соати 10:00, дар театри вилоятии шаҳри Хоруғ филми «Қисмати тахрибкор» ва соати 10:00, дар кинотеатри Лоҳутии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон филми «Қисмати тахрибкор» манзур мегарданд.
1 апрел, соати 15:00, дар Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд филми «Арвоҳи Киндервил», соати 11:00, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови шаҳри Душанбе филми «Арвоҳи Киндервил», соати 15:00, дар кинотеатри «Зебуннисо»-и шаҳри Душанбе филми «Қисмати тахрибкор», соати 14:00, дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор филми «Моҷароҳои Прантиш Вирвич» пешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд.
АКС: МД «Тоҷикфилм»








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






