Дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Узбекистон доир мешаванд

Март 28, 2022 14:39

ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 март то 2 апрел дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Узбекистон доир мегарданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар МД «Тоҷикфилм».

Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Узбекистон дар Тоҷикистон 30 март дар кинотеатри «Наврӯз» доир мегардад. Инчунин дар  ин рӯз, соати 14:00, нишасти матбуотӣ оид ба баргузории Рӯзҳои кинои Узбекистон дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки намояндагони ВАО ва ҳайати меҳмонон  дар назар аст.

Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ филмҳои истеҳсоли Узбекистон намоиш дода мешаванд.

Алоқамандони кино метавонанд аз ин филмҳо дидан намоянд.

30 март соати 19:00, дар кинотеатри «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе  филми «Хатсайри 101», инчунин соати 16:00 дар кинотеатри «Зебуннисо» филми «Ифтихори Нафиса» пешкаши тамошобинон мегарданд.

31 март, соати 16:00, дар кинотеатри «Ватан»-и пойтахт филми «Ҳусниддини моҳир», соати 10:00, дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак филми «Хатсайри 101», соати 14:00, дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор филми «Асорат»,  соати 10:00, дар театри вилоятии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон филми «Тӯйи якрӯза», соати 14:00, дар кинотеатри Лоҳутии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон филми «Тӯйи якрӯза»,  соати 15:00 дар Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд филми «Хатсайри 101» намоиш дода мешаванд.

1 апрел, соати 10:00, дар Кохи Лоиқи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд филми «Асорат»,  соати 11:00, дар кинотеатри «Роғун»-и шаҳри Роғун филми «Тӯйи якрӯза» манзур мегарданд.

АКС: МД «Тоҷикфилм»

Март 28, 2022 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад