ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов беш аз 200 бех ниҳолҳои санавбар шинонида шуданд

Март 17, 2022 09:54

ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд  дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз 200 бех ниҳолҳои санавбар шинонида шуданд.

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин амал  бо мақсади сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф  гузаронида шуд.

«Дар маъракаи кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ кормандони бахши муҳити зист ва  аҳолии ҷамоати деҳоти  Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор  Расулов фаъолона иштирок намуданд. Корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани ниҳолу дарахтони ҳамешасабз, сояафкан ва ороишӣ дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ бо маром идома доранд», — афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли равон  низ дар ҷамоати шаҳраки Меҳробод ва кӯчаи Абӯалӣ ибни Синои ноҳия бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист бо мақсади обод ва сабзазоркунӣ қад-қади роҳи нақлиётгард 150 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз, аз ҷумла санавбар шинонида шуданд.

 

АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Март 17, 2022 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боғи «Ирам» намоишгоҳи ҷумҳуриявии хайриявии гулу растанӣ баргузор шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд