Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон дар Туркия ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад

Март 15, 2022 15:10

ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар Туркия ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия, ки аз 19 то 31 март баргузор мешавад, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон се бозии рафиқона анҷом медиҳад. Аввалин ҳарифи футболбозони тоҷик дастаи мунтахаби олимпии Кувайт мебошад. Вохӯрии дастаҳо 23 март баргузор мешавад.

Дар бозии дуюм дар Анталия дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 26 март бо ҳамсолонашон аз Урдун бозӣ мекунад. Шогирдони Мубин Эргашев бозии ниҳоии рафиқонаро 29 март бо дастаи мунтахаби миллии Афғонистон анҷом медиҳанд.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 аз 1 то 19 июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуда, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» баромад мекунад. Ҳарифони дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби олимпии Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Ҷопон мебошанд.

Бозиҳои санҷишӣ

23 март (чоршанбе)

Тоҷикистон (U-23) – Кувайт (U-23)

26 март (шанбе)

Тоҷикистон (U-23) — Урдун (U-23)

29 март (сешанбе)

Тоҷикистон (U-23) – Дастаи мунтахаби Афғонистон

 

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 15, 2022 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд