Донишҷӯёни ДСРТ бо фаъолият ва хизматрасониҳои муосири «Амонатбонк» шинос гардиданд

Март 3, 2022 15:27

ДУШАНБЕ, 03.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати устодон ва донишҷӯёни ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва донишҷӯёни ихтисоси кори бонкии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз Бонки давлатии амонатгузории (БДА) Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» боздид намуда, бо фаъолият ва хизматрасониҳои бонкӣ шинос гардиданд.

Дар БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки донишҷӯён аз Департаменти хазинадорӣ ва Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкӣ дидан намуда, мутахассисони бонк ба онҳо аз ҷараёни хизматрасониҳои бонкӣ маълумот пешниҳод намуданд. Ҳамзамон донишҷуён аз Осорхонаи бонк боздид намуда, бо таърих ва дастовардҳои «Амонатбонк» шинос гардиданд. Зикр шуд, ки «Амонатбонк» дар асоси Хазинаи амонатӣ — қарзӣ ташкил ёфта, фаъолияти худро аз соли 1885 оғоз намудааст. Фаъолияти «Амонатбонк» зарфи ин солҳо дар соҳаи бонкдории ҷумҳурӣ давраҳои гуногунро дар бар гирифта, соли 1992 дар заминаи Бонки ҷумҳуриявии амонатгузории Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Соли 1998 Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ гирифт.

Ҳамзамон Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ дар назди донишҷӯён бо рӯнамо баромад намуда, оид ба фаъолият, хизматрасониҳо ва дастовардҳои бонк маълумот пешниҳод намуд.

Гуфта шуд, ки алҳол 75 филиал ва 546 маркази хизматрасонии «Амонатбонк» дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар, ҳатто дар дурдасттарин манотиқ ба аҳолии кишвар хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ пешниҳод менамояд.


Зикр шуд, ки соли гузашта сармояи бонк ба 575,5 миллион сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба соли 2020 –ум 25,7 фоиз афзоиш ёфтааст. Фоидаи софи Бонк 66,2 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2020 29,1 фоиз афзудааст. «Амонатбонк» аз рӯи фаъолияти худ 110 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст, ки дар қиёс ба соли 2020 13,7 миллион сомонӣ ва ё 14,2 фоиз зиёд аст. Бонк аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 72 ҳазор муштарӣ 1,4 миллиард сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки нисбат ба соли 2020 шумораи қарзгирон 44 фоиз ва ҳаҷми қарздиҳӣ 34 фоиз зиёд гардидааст.

Инчунин ба донишҷӯён оид ба хизматрасониҳои «Амонатбонк» дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва хизматрасониҳои муосири бонкдории мобилӣ иттилоъ дода шуд.

Сироҷидин Икромӣ зикр намуд, ки дар раванди саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати иқтисодиёти рақамӣ ва боз ҳам рушд додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ бонк 667 нуқтаҳои қабули маблағҳои коммуналӣ ва 358 нуқтаҳои қабули маблағҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмиро роҳандозӣ намуда, 631 адад постерминалҳоро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намудааст. Барномаи мобилии Бонк – «Амонат-мобайл» низ барои пардохти маблағҳои коммуналӣ, пардохтҳо ба телефонҳои мобилӣ, интиқоли маблағ, бахусус барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар амалиёти бонкӣ ба таври ғайринақдӣ мусоидат менамояд.

 

АКСҲО: БДА ҶТ «Амонатбонк»

Март 3, 2022 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд