Душанбе — мизбони конгресс ва намоишгоҳи байналмилалии «Гидроэнергетикаи Осиёи Марказӣ ва Хазар 2022»

Март 30, 2022 10:10

ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 25-27 май дар шаҳри Душанбе Конгресси 6-уми ҳамасолаи байналмилалӣ ва Намоишгоҳи байналмилалии «Гидроэнергетикаи Осиёи Марказӣ ва Хазар 2022» баргузор мешавад.

Созмондиҳандагони он хабар медиҳанд, ки дар конгресс беш аз 150 нафар роҳбарони корхонаҳои пешқадами энергияи барқароршаванда, сармоягузорон, пешвоёни технологияҳо аз Тоҷикистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Гурҷистон, Арманистон, Русия, Қирғизистон, Олмон, Фаронса, Полша, Белгия, Чин, Британияи Кабир, Люксембург, Туркия, Эрон, Сербия, Швейтсария ва Канада ширкат меварзанд.

Иштирокдорони конгресс ва намоишгоҳ ҳамчунин аз неругоҳҳои барқи  обии «Роғун» ва «Норак» боздид хоҳанд кард.

Ҳамзамон интизор  меравад, ки дар доираи конгресс ва намоишгоҳи байналмилалии «Гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ва Хазар 2022»  бо иштироки намояндагони ширкатҳои калидии энергетикии минтақа, сармоягузорон, ҳукуматҳо ва таъминкунандагони таҷҳизот ва хидматрасонӣ  суҳбатҳои «мизи мудаввар» ва вохӯриҳо доир гарданд.

Дар назар аст, ки дар онҳо масъалаҳои марбут ба лоиҳаҳои сармоягузории ояндадор оид ба сохтмон ва навсозӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва дастгирии ҳукумат дар рушди саноати гидроэнергетика, тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар бахши гидроэнергетика ва дигар масъалаҳои  марбут ба таҳкими хамкории минтақавӣ дар соҳаи гидроэнергетика баррасӣ шаванд.

АКС аз созмондиҳандагон

Март 30, 2022 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид