Имрӯз — Рӯзи умумиҷаҳонии гурда. Ин узви инсон дар ҳар 24 соат қариб 180 литр хунро дар бадан пок месозад

Март 10, 2022 12:07

ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тӯли 16 сол мешавад, ки дар тамоми  сайёра панҷшанбеи дуюми моҳи март Рӯзи  умумиҷаҳонии гурда  (World Kidney Day) таҷлил мегардад, ки имсол ба 11 март рост омад.  Ҳадаф аз таҷлили ин сана ҳарчи бештар паҳн намудани маълумот дар бораи пешгирии бемориҳои гурда  мебошад.

Ба андешаи олимони соҳаи тиб, гурда яке аз муҳимтарин узви бадани одам ба шумор меравад. Зеро дар як шабонарӯз аз шаш то ҳашт литр хуни бадани инсон аз 20 то 25 маротиба тавассути гурдаҳо гардиш мехӯрад. Яъне дар маҷмӯъ, гурдаҳо қариб 180 литр хунро дар ҳар 24 соат филтр мекунанд.  Дар ҳар гурда қариб миллион нефрон вуҷуд дорад, ки хунро ба таври комил поксозӣ мекунанд. Аз ин рӯ гурда нигаҳбони ҳаёти мост.

Доир ба сабабҳои гирифторӣ ва пешгирии бемориҳои гурда бо табиби уролог Умар Азизов ҳамсуҳбат гардидем.

АМИТ «Ховар: Бемориҳои илтиҳобии  гурда ё бемориҳои  илтиҳобии  роҳҳои пешобгузар чӣ гуна бемориянд ва сабаби пайдошавии онҳо дар чист?

У. Азизов: Гурда узви ҷуфт буда, шакли лӯбиёмонанд ва сатҳи ҳамвору ҷигариранг дорад. Вазни ҳар гурдаи одами калонсол аз 120 то 200 г, дарозиаш 10 – 12 см, бараш 5 – 6 см, ғафсиаш 3 – 4 см аст. Гурдаҳо дар камари одам, дар ду тарафи сутунмуҳра қарор гирифтаанд. Бемориҳои илтиҳобии гурдаҳо ва роҳҳои пешобрав гуногун мешаванд ва ҳусусияти фарқкунанда доранд. Барангезандаи бемориҳои илтиҳобии гурдаҳо ва роҳҳои пешобрав гуногун буда, дар бештари ҳолатҳо онҳо тавассути хун (бо роҳи гематогенӣ) ба гурдаҳо рафта, илтиҳоб ба амал меоранд.

Сабабҳои бештар вохӯрдани илтиҳоби гурдаҳо ва роҳҳои пешобрав инҳоянд:

-раванди илтиҳоби аввалиндараҷа дар организм (илтиҳоби бодомакҳо-тонзилит, илтиҳоби ҷавфҳои ҷоғу рӯй-гайморит, синусит, илтиҳоби роҳҳои нафас ва шушҳо-пневмонияҳо, илтиҳоби системаи ҳозима ва рӯдаҳо-энтероколитҳо ва ғайра);

-сармохӯрӣ;

-нуқсонҳои инкишофи гурдаҳо ва роҳҳои пешобрав ба озод хориҷшавии пешоб монеа шуда, стази пешобро ба амал оварда, илтиҳобро ташкил мекунанд;

-сангҳои гурда ва роҳҳои пешобрав;

-ҷинсият (баъзе хусусияти хоси сохти анатомии организм).

Дар баъзе занҳо ҳомиладорӣ сабаби ба амал омадани илтиҳоби гурдаҳо низ мегардад.

АМИТ «Ховар: Бемориҳои санги гурда ва роҳҳои пешобгузар чӣ нишонаҳо доранд ва ҳангоми пайдошавӣ чӣ бояд кард?

У. Азизов: Санги гурда- уролити аз (уро-пешоб, лито-санг)- ин бемории полиэтиологӣ (бисёрсабаб) буда, дар ҳама синну сол вомехӯрад, вале беморон бештар дар синни фаъоли ҳаётӣ, яъне аз 20 то 50-солагӣ аз он ранҷ мекашанд.

Сангҳои бузург ё шохадори гурда одатан нишонаҳои хос надоранд, чунки ин гуна сангҳо ноҷунбон ё беҳаракатанд.

Сангҳое, ки хурданд (то 2см), инҳо сангҳои ҷунбон ва ҳаракаткунанда буда, ҳангоми ҳаракат аз як ҷо ба ҷои дигар дард пайдо мекунанд.

Нишонаҳои аввалини санги гурда ва роҳҳои пешобрав- ин дарди гурда ё халадарди гурда мебошанд.

Дардҳо одатан дар қисмати камар ва дар мавзеи гурдаҳо сар мешаванд. Баъзан дардҳо аз мавзеи камар шурӯъ шуда, ба қисмати паҳлуи шикам (аз чап ва ё аз рост) то мавзеи масона мераванд. Хосияти дардҳо метавонад шадид ё дардҳои кунди нороҳаткунанда бошанд.

Дигар нишонаҳои санги гурдаҳо ва роҳҳои пешобрав- ин пайдошавии тағйирот дар пешоб, ба монанди хун дар пешоб (гематурия), зуд-зуд пешобравӣ, камшавии миқдори пешоб, пайдошавии сӯзиш дар роҳҳои пешобрав ҳангоми пешобкунӣ, баъзан ҳароратбаландӣ, нооромӣ ва бетоқатӣ ҳангоми халадарди гурдаҳо ва ғайра мебошанд.

Ёрии аввалин ҳангоми пайдошавии дарди гурдаҳо- ин бедард кардани он бо истифодаи маводи дорувории дарднесткунанда ё дардпасткунанда мебошад. Хуб мебуд, ки ҳангоми рух додани чунин ҳолат бемор ба марказҳои тиббӣ муроҷиат кунад, то муоина ва табобати дуруст гирад.

АМИТ «Ховар: Дар Тоҷикистон барои муолиҷаи ин бемориҳо кадом шароит фароҳам оварда шудааст?

У. Азизов: Табобати чунин бемориҳо дар кишварамон чандон мушкил нест, чунки маводи доруворие, ки барои табобати ин бемориҳо (ҳам бемориҳои илтиҳобии гурдаҳою роҳҳои пешобрав ва ҳам бемории санги гурдаҳо ва роҳҳои пешобрав) заруранд, дастрас мебошанд.

Мутаассифона, баъзе беморон ба худтабобаткунӣ даст мезананд, ки ин метавонад ба саломатии онҳо хатари калон расонад. Чунки онҳо миқдор ва интихоби дорувориро намедонанд. Миқдор (дозировка), намуди доруворӣ, тарзи истеъмол ва давомнокии табобатро бояд табиб тавсия диҳад.

Агар табобати беморӣ бо усули ҷарроҳӣ зарур шавад, барои ин имконот ва шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳоло дар беморхонаҳои давлатӣ ва ҳам дар бемористонҳои хусусӣ мутахассисони арзанда фаъолият ва бо усулҳои муосир мушкили беморонро осон мекунанд.

Чораи беҳтарини нигоҳ доштани саломатии гурдаҳо- ин интихоб кардани тарзи ҳаёти солим мебошад. Баъдан худдорӣ аз нӯшокиҳои барзиёди хунук, обҳои рангдор, истеъмоли оби филтршуда, худдорӣ кардан аз истеъмоли зиёди маҳсулоти гӯштӣ, сернамак, хӯрокҳои зудтайёр ва истифодаи ками маҳсулоти донагӣ метавонанд одамонро аз гирифторӣ ба ин бемориҳо нигоҳ доранд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз муаллиф ва манбаъҳои боз

Март 10, 2022 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Муъминобод 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
Дар Тоҷикистон дар 9 моҳ 1142 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзим сабт шудааст
Дар Тоҷикистон аввалин маротиба ҷарроҳии саратони ғадуди зери меъда гузаронида шуд
Дар Душанбе бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ – назариявии ҷавонон доир шуд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН», «ФАРЗАНД- БОҒИ ПАДАРУ МОДАР». Ғолибони ин озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН ДАР НОРАК. Дар Тоҷикистон 2722 гектар боғи анор мавҷуд аст
Татбиқи «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» баррасӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли анор барои бемориҳои мавсимӣ беҳтарин даво аст
«КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии ин санади сарнавишсоз конференсияи илмию амалӣ доир шуд
Конференсияи XXI ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Душанбе баргузор гардид
Даври ҷамъбастии озмунҳои ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» баргузор мегардад
ФОРУМИ ДАҲУМИ МИЛЛӢ ОИД БА ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаи асосии сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон аст