Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои энергетика ва ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон қариб 30 миллион евро грант пешниҳод менамояд

Март 15, 2022 16:30

ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10-11 март ҷаласаҳои навбатии зеркумитаи рушди ҳамкорӣ ва Кумитаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо тариқи видеоконфронс баргузор гардиданд, ки ҷонибҳо тибқи рӯзнома ба таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф, энергетика, рушди деҳот, дастгирии буҷет, амнияти сарҳадӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, иқтисоди сабз, рақамикунонӣ, таъсиси технопаркҳо ва технологияҳои рақамӣ, иштирок дар маблағгузории сохтмони НБО «Роғун», шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+), ҳамчунин мусоидат ба тиҷорат ва татбиқи системаи тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаҳои мазкур муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро сардори Раёсати сиёсати хориҷии Аврупо оид ба Русия, шарикии Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва САҲА Люк Девин ва дигар шахсони масъул роҳбарӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласаҳои мазкур Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дурнамои ҳамкории минбаъда дар доираи Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027, ки дар 4 соли аввал ҷудо намудани 91 миллион евро пешбинӣ шудааст, муаррифӣ гардид. Инчунин ҷониби Иттиҳоди Аврупо омодагии худро ҷиҳати пешниҳод намудани грантҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 15 млн евро дар бахши энергетика ва 14 млн евро дар бахши ҳифзи муҳити зист иброз дошт.

Илова бар ин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди ҳамкории минбаъда ба Иттиҳоди Аврупо якчанд лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла лоиҳаҳои «Рушди инфрасохтори иҷтимоӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон», «Консепсияи барномаи ҳамкорӣ барои рушди маҳал дар Тоҷикистон», «Тақвияти низоми моделсозӣ ва дурнамосозии макроиқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдо», Созишномаи молиявӣ вобаста ба «Барнома оид ба пешгирии паҳншавии нашъамандӣ дар Осиёи Марказӣ (КАДАП-7)» ва «Таъсиси технологияҳои бисёрхизматии алоқа байни сохторҳои қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ» ҷиҳати маблағгузорӣ пешниҳод гардиданд.

Сардори Раёсати робитаҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Дилшод Шарифӣ дар суҳбат бо мо изҳор намуд, ки имрӯзҳо Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон дар самтҳои мубрами сиёсиву иқтисодӣ тавассути барномаву шартномаҳо ҳамкории судманд дорад. Яке аз созишномаҳо бо ин иттиҳод роҷеъ ба тиҷорату иқтисод мебошад, ки дар доираи он комиссияи махсус амал мекунад ва роҷеъ ба тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ, афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Ба иттилои ӯ, соли 2021 гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо 436,5 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба як соли қабл 150 млн доллар зиёд мебошад.

“Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории хуби ҳасана дошта, дар татбиқи лоиҳаҳои муҳим саҳм мегузоранд. Ҳоло миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо масъалаи шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+) мавриди баррасӣ қарор дорад ва дар сурати бархурдор шудан аз ин имтиёз тамоми маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба кишварҳои ИА аз пардохти боҷи воридотӣ озод карда мешавад, ки ин рақобатпазирии маҳсулоти моро дар бозори Аврупо беҳтар месозад”,- гуфт Дилшод Шарифӣ.

Муносибатҳои хуби дипломатӣ бо дигар давлатҳо гарави пешрафти кишварҳо мегардад. Дар ин ҷода, ки давлати мо сиёсати “дарҳои боз”-ро пеш гирифтааст, доштани робитаи ҳасана бо тамоми кишварҳо аз авлавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Ҷумҳурии Тоҷикистон бо манотиқи Аврупо равобити тӯлонии таърихӣ доранд,- мегӯяд устоди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидаҳтам Талбаков. Ӯ аз чанд вижагии ҳамкорӣ бо ин иттиҳод ёдовар шуд.

Аз ҷумла, мавсуф изҳор дошт, ки принсипҳои демократия дар Тоҷикистон акнун рушд карда истодаанд, аммо Иттиҳоди Аврупо дар ин замина таҷрибаи бой дорад. Тоҷикистон бо таърихи қадимӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо пояҳои мустаҳками демократӣ аз ҳамкории зич баҳра хоҳанд бурд. Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар самти ҷалби сайёҳон ва бунёд кардани мавзеъҳои сайёҳӣ таҷрибаи бой доранд ва Тоҷикистон бо мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Ширкатҳои аврупоӣ ба бозори Тоҷикистон, алалхусус ба соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ, авиатсия ва энергетика таваҷҷуҳ доранд ҳамзамон Иттиҳоди Аврупо бо модели ҳамгироӣ дар ҷаҳон шуҳрат дорад, ки ин аввалину беҳтарин модел дар ҷаҳони ҳозира мебошад. Ин модел на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ муфид мебошад, гуфт Саидаҳтам Талбаков.

Ҳамсуҳбати дигари мо — ходими пешбари илмии Институти омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ардамеҳр Ашуров дар хусуси дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ изҳор дошт, ки ин ҳамкорӣ вусъатёбанда буда, фарогири манфиатҳои ҳарду ҷонибанд.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, зарурати ҳамоиши ташаббусҳои роҳбарони кишварҳо самтҳои зеринро метавонад тақвият диҳад:

— муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои энергетика, туризм, нақлиёт, телекоммуникатсия, илм, маориф, барқарорсозии алоқаи мустақими ҳавоӣ миёни Душанбе ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, саноати сабук ва дигар самтҳои афзалиятноки соҳаи иқтисодиёт.

— ба роҳ мондани ҳамкории муштарак дар намуди комиссияи байниҳукуматӣ доир ба масоили ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ.

— барпо намудани бизнес-форум, мизҳои мудаввар ва намоишҳо, ки бештар фарогири соҳаҳои иқтисодӣ, хоҷагии қишлоқ ва сайёҳӣ бошанд.

— диққати бештар ба тақвияти ҳамкорӣ дар самти илм ва маориф равона шавад. Дар рушди ин соҳаҳои афзалиятнок пешниҳод карда мешавад, ки сафарҳои таҷрибаомӯзӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯёну олимон пешбинӣ гарданд.

Ҳамчунин дар таҳкими дигар соҳаҳо низ мутахассисони соҳибихисос ва варзида аз ҳарду ҷониб барои омӯзонидани таҷрибаи соҳавияшон метавонанд даъват карда шаванд.

— мустаҳкам намудани ҳамкории судманди тиҷоратӣ байни ду кишвар, ҷалби сармоя ва дарёфти шарикони нав, муҳокимаи масъалаҳои мавҷуда барои тақвият дар соҳаҳои афзалиятнок.

— гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ба ташаккули робитаҳои судманд миёни вакилони ҳарду ҷониб, инчунин миёни иштирокдорони ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷамъиятҳои ду давлат мусоидат мекунанд.

— баҳри омӯзиши услуб ва назари илмии донишмандони аврупоӣ дар самти омӯзиши масоили кишварҳо курсҳои кӯтоҳмуддат дар заминаи донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ-пажӯҳишии Иттиҳоди Аврупо ва мубодилаи таҷрибаи илмӣ бо ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил карда шаванд.

— ҳамкории судманд бо Иттиҳоди Аврупо ба рушди иқтисодии кишвар ва ҳалли масъалаҳои стратегӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, дарёфти истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунони кишвар мусоидат менамояд.

Самтҳои ҳамкорӣ ва захираҳои истифоданашуда дар соҳаи тандурустӣ (аз ҷумла дорусозӣ), маориф, илм, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, туризм, сохтмони иншоот, таъмини амнияти сарҳадот, мубориза бо терроризм, экстремизм ва ғайра хеле зиёданд, ки тарафҳо метавонанд роҳҳои густариши ин ҳамкориро ҷустуҷӯ намуда, ба манфиати ҳамдигар истифода намоянд.

 

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Март 15, 2022 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 дар низоми ҳамлу нақли байналмилалӣ баъзе дигаргуниҳо ба амал меоянд
«Сомон Эйр» модули фармоиши чиптаҳоро ба кор андохт
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. Бо кадом роҳҳо метавон ба он ноил гардид?
Форуми II байналмилалии «Суғд-чорроҳаи роҳи бузурги абрешим» гузаронида мешавад
ТО ШАБАКАҲОИ 5G ИНКИШОФ ДОДАНИ ИНФРАСОХТОРИ РАҚАМӢ. Ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ тақвияти кор дар чанд самти асосӣ таъкид гардид
Сарвари давлат: «То охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд»
Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ бузург мебошад
РУШДИ ТОҶИКИСТОН ТАВАССУТИ РАҚАМИКУНОНӢ, ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НИЗОМИ МАОРИФИ ПЕШРАФТА. Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ-ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН. Моҳи майи соли 2027 Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: «Соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад»
Дар Тоҷикистон «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» таҳия мегардад
Пешвои миллат: «Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод»