Китобхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав бо китобҳои тозанашр таъмин гардид

Март 17, 2022 13:38

ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 март Корхонаи воҳиди давлатии таъминот  ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар доираи ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2022» намоиш-фурӯши китоб ташкил намуд. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар доданд.

Дар намоиш-фурӯш кормандони мақомоти иҷроия, корхонаву ташкилот ва  сокинони ноҳия иштирок карда,  китобҳои зарурӣ ва асарҳои писандидаи хешро  харидорӣ намуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби Корхонаи воҳиди  давлатии таъминот ва савдои «Китоб» ба Китобхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав тибқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» 296 нусха китоб ба маблағи 8 ҳазору 93 сомонӣ барои мукаммалгардонии китобхона бо китобҳои тозанашр тақдим карда шуд.

Бояд гуфт, ки ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо, таъмини аҳолӣ бо китоб дар   боло бурдани маърифатнокии мардум,  ҳисси ватандустӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, инчунин дар  тарбияи насли наврасу ҷавон нақши муассир дорад.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Март 17, 2022 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд