Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти гурезаҳо баланд арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 март Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо Филиппо Гранди ва ҳамроҳони ӯ вобаста ба ҳалли мушкилоти гурезаҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, роҳҳои ҳифзи ҳуқуқ ва расонидани кумак ба онҳо мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазири корҳои дохилӣ дар ҷараёни мулоқот зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти онҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо Филиппо Гранди иброз дошт, ки ин аввалин сафари ӯ ба ҳайси Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо ба Тоҷикистон аст. Қаблан ба Тоҷикистон соли 2000 ташриф оварда, аз пазироӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик шарафёб гардидааст.
Мавсуф дар идомаи суҳбат иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти қабулу ҷобаҷокунии гурезаҳо баланд арзёбӣ намуда, омодагии худро дар ҳалли мушкилоти мавҷуда изҳор намуд.
Ҳамчунин Филиппо Гранди аз иқдомҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои бешаҳрвандӣ изҳори хушнудӣ кард.
Ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар самти кор бо гурезаҳо, паноҳҷӯяндагон ва шахсони бешаҳрванд ибрози боварӣ намуданд.
АКС: ВКД ҶТ








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид






