«Корвони китоб-2022»: ба китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои Хатлон беш аз 2600 нусха китоб тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2022» ба китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тибқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» 2605 нусха китоб ба маблағи умумии 71 815 сомонӣ барои мукаммалгардонии китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр тақдим карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва расонидани кумак ҷиҳати мукаммалгардонии захираи китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2022» аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанг ба 15 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ва тобеи ҷумҳурӣ аз 1 март оғоз гардид.
Дар доираи иқдоми мазкур дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Дӯстӣ, Вахш, Шаҳритӯс, Носири Хусрав, Қубодиён ва шаҳри Бохтар намоиш-фурӯши китоб ташкил гардида, ба китобхонаҳои марказии онҳо нусхаҳои китобҳо тақдим карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки шурӯъ аз имрӯз, 15 март то 17 март ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав ва Варзоб идома ёфта, дар ин шаҳру ноҳияҳо низ бо мақсади ҷалби аҳолӣ ба китобхонӣ намоиш-фурӯши китоб ба роҳ монда шуда, тибқи Барнома ба китобхонаҳои марказӣ 1448 нусха китоб ба маблағи 38 841 сомонӣ мукаммал гардонида мешаванд.
Дар маҷмӯъ 4 598 нусха китоб ва 7 500 нусха барга (варақаи хонанда) ба маблағи 131 000 сомонӣ мукаммал гардонида шуд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






