Муомилоти моли яклухт ва чакана дар Тоҷикистон 11,8 фоиз афзуд

Март 30, 2022 12:36

ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми гардиши савдои яклухт ва чакана дар Тоҷикистон дар ду моҳи соли равон беш аз 7,2 миллиард сомонӣ (беш аз 559,4 миллион доллар)-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум  11,8 дарсад бештар аст. Ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора хабаргузории «Авесто» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра дар бозорҳои озуқаворӣ, либос ва бозорҳои омехта ба маблағи беш аз 2,4 миллиард сомонӣ маҳсулот фурӯхта шудааст, ки 33,7 фоизи ҳаҷми умумии савдои чаканаро ташкил медиҳад.

Дар моҳҳои январ-феврал даромад аз ҳисоби фурӯши чорво беш аз  595 миллион сомонӣ,  маҳсулоти нафтӣ — қариб 1 миллиарду 266 миллион сомонӣ, мошинҳои боркаш ва сабукрав — 111,5 миллион сомониро ташкил дод. Дар ҳаҷми умумии муомилоти мол ҳиссаи маҳсулоти хӯрокворӣ беш аз 3,1 миллиард сомонӣ ё 49,7 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқа беш аз 3,1 миллиард сомонӣ ё 50,3 фоизро ташкил дод.

Ба ҳисоби фоиз дар гурӯҳи озуқаворӣ гӯшту ҳасиб, шакар ва маҳсулоти қаннодӣ, орду нон, сабзавот, равғани растанӣ бартарӣ доранд. Миёни молҳои гурӯҳи ғайриозуқаворӣ ҳиссаи бештар ба маҳсулоти нафтӣ, матоъ, трикотаж, масолеҳи сохтмонӣ, пойафзол, молҳои электрикӣ рост меояд.

Дар давраи зикршуда ҳаҷми муомилоти моли чакана ба як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 638 сомониро ташкил дод.

АКС аз avesta.tj

Март 30, 2022 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид