Муомилоти моли яклухт ва чакана дар Тоҷикистон 11,8 фоиз афзуд
ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми гардиши савдои яклухт ва чакана дар Тоҷикистон дар ду моҳи соли равон беш аз 7,2 миллиард сомонӣ (беш аз 559,4 миллион доллар)-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 11,8 дарсад бештар аст. Ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора хабаргузории «Авесто» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра дар бозорҳои озуқаворӣ, либос ва бозорҳои омехта ба маблағи беш аз 2,4 миллиард сомонӣ маҳсулот фурӯхта шудааст, ки 33,7 фоизи ҳаҷми умумии савдои чаканаро ташкил медиҳад.
Дар моҳҳои январ-феврал даромад аз ҳисоби фурӯши чорво беш аз 595 миллион сомонӣ, маҳсулоти нафтӣ — қариб 1 миллиарду 266 миллион сомонӣ, мошинҳои боркаш ва сабукрав — 111,5 миллион сомониро ташкил дод. Дар ҳаҷми умумии муомилоти мол ҳиссаи маҳсулоти хӯрокворӣ беш аз 3,1 миллиард сомонӣ ё 49,7 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқа беш аз 3,1 миллиард сомонӣ ё 50,3 фоизро ташкил дод.
Ба ҳисоби фоиз дар гурӯҳи озуқаворӣ гӯшту ҳасиб, шакар ва маҳсулоти қаннодӣ, орду нон, сабзавот, равғани растанӣ бартарӣ доранд. Миёни молҳои гурӯҳи ғайриозуқаворӣ ҳиссаи бештар ба маҳсулоти нафтӣ, матоъ, трикотаж, масолеҳи сохтмонӣ, пойафзол, молҳои электрикӣ рост меояд.
Дар давраи зикршуда ҳаҷми муомилоти моли чакана ба як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 638 сомониро ташкил дод.
АКС аз avesta.tj








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






