Муовини Сарвазир Сулаймон Зиёзода бо вазъи соҳаи кишоварзии минтақаи Кӯлоб шинос шуд

Март 28, 2022 10:15

ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии  Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода барои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, омодагии кишоварзон ба мавсими баҳории кишти зироат, таъмиру тармими пойгоҳҳои обкашӣ ва тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо аз ноҳияҳои Данғара ва Восеъ боздид ба амал овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни шиносоӣ бо вазъи соҳа бо масъулин ва кишоварзон суҳбату мулоқотҳо доир гардида, зикр шуд, ки бо таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ тамоми шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Аз ин лиҳоз кишоварзонро зарур аст, ки ҳар қитъа заминро самараноку оқилона истифода намуда, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва тибқи дурнамои муайянгардида кишт намудани зироат малакаву маҳорати худро истифода намоянд.

Ҳамчунин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳаҳои дахлдор барои сари вақт омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ, вусъат бахшидани корҳои тозакунии заҳбуру заҳкашҳо, дар муҳлатҳои муқарраршуда додани озуқа барои зироат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти деҳқонон дастуру супоришҳо дод.

Таъкид гардид, ки кишоварзон бояд бештар барои кишти маҳсулоти содиротшаванда, махсусан пахта таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, барои парвариши босифати он бо олимону мутахассисони соҳа ҳамкорӣ намоянд.

Дар ин зимн роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки барои боз ҳам бештар намудани ҳамкории институтҳои тадқиқотӣ, махсусан мутахассисони соҳаи растанипарварӣ бо деҳқонон тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Март 28, 2022 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ