Муовини Сарвазир Сулаймон Зиёзода бо вазъи соҳаи кишоварзии минтақаи Кӯлоб шинос шуд
ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода барои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, омодагии кишоварзон ба мавсими баҳории кишти зироат, таъмиру тармими пойгоҳҳои обкашӣ ва тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо аз ноҳияҳои Данғара ва Восеъ боздид ба амал овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни шиносоӣ бо вазъи соҳа бо масъулин ва кишоварзон суҳбату мулоқотҳо доир гардида, зикр шуд, ки бо таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ тамоми шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Аз ин лиҳоз кишоварзонро зарур аст, ки ҳар қитъа заминро самараноку оқилона истифода намуда, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва тибқи дурнамои муайянгардида кишт намудани зироат малакаву маҳорати худро истифода намоянд.
Ҳамчунин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳаҳои дахлдор барои сари вақт омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ, вусъат бахшидани корҳои тозакунии заҳбуру заҳкашҳо, дар муҳлатҳои муқарраршуда додани озуқа барои зироат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти деҳқонон дастуру супоришҳо дод.
Таъкид гардид, ки кишоварзон бояд бештар барои кишти маҳсулоти содиротшаванда, махсусан пахта таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, барои парвариши босифати он бо олимону мутахассисони соҳа ҳамкорӣ намоянд.
Дар ин зимн роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки барои боз ҳам бештар намудани ҳамкории институтҳои тадқиқотӣ, махсусан мутахассисони соҳаи растанипарварӣ бо деҳқонон тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»










Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






