Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хабар медиҳад

Март 31, 2022 14:33

ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31 март айбдоршавандаи парвандаи ҷиноятӣ, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон (ВМКБ) Манучеҳр Шеров дастгир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хабар доданд.

«31 марти соли ҷорӣ, айбдоршавандаи парвандаи ҷиноятии 27534 Шеров Манучеҳр Мисжитович, санаи таваллудаш 23.04.1986, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи М.Иҷубов, хонаи 51 дастгир гардид», — омадааст дар иттилоияи Раёсати ВКД дар ВМКБ.

Нисбат ба М. Шеров аз тарафи Прокуратураи ВМКБ 15 ноябри соли 2021 бо дастрасии моддаҳои 237, қисми 3, банди «а» ва 330, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, аз 9 декабри соли 2021 дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.

Хотирнишон бояд кард, ки М. Шеров 14 ноябри соли 2021 дар якҷоягӣ  бо аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Ҷамшед Шаъбонов ва дигарон дар пости маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ба кормандони раёсати Вазорати корҳои дохила бо табар ҳуҷум карда, онҳоро захмдор намуда буд.

Қаблан ба айбдоршаванда М. Шеров аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ 4 маротиба барои ҳозир шудан ба Прокуратураи ВМКБ расман даъватнома дода шудааст, вале  ӯ барқасдона аз ҳозир гардидан ва додани нишондод саркашӣ намудааст.

Нисбат ба дастгиршуда М. Шеров чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд.

АКС аз бойгонӣ

Март 31, 2022 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид