Шавкат Бобозода ва Ян Бори имконоти содироти маҳсулоти хушсифати Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

Март 30, 2022 10:53

ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои дарёфти бозорҳои содиротӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва мусоидат ҷиҳати содироти маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла меваю сабзавоти хушк ва маҳсулоти нассоҷӣ 29 март зимни вохӯрии директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Тоҷикистон Ян Бори мавриди муҳокима қарор гирифтанд.  

Тавре дар Агентии содирот ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ директори Агентӣ Шавкат Бобозода иброз дошт, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии маҳсулоти кишоварзӣ- ин содироти меваҳои хушсифату тару тоза, мева ва сабзавоти хушк мебошад, ки солҳои охир дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд пайдо намуда, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва болаззату шаҳдбор буда, дар хориҷи мамлакат бозорҳои содиротии худро пайдо намудаанд.

Зикр шуд, ки «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул шудааст, ки ҳадафи он рушди содироти молу хизматрасонӣ, таҳкими истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот, кам кардани ҳиссаи молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ дар ҳаҷми умумии воридот, фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи сиёсати хориҷии иқтисодии давлатӣ, инчунин баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад.

Дар вохӯрӣ имконияти содироти маҳсулоти ватанӣ, инчунин самтҳои асосии фаъолияти Агентии содирот, аз ҷумла мусоидат ба рушди босуботи миқдор ва сифати содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи мамлакат, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва ҷалби харидорони хориҷӣ муаррифӣ шуданд.

 

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ

Март 30, 2022 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад