Шералӣ Кабир аз якчанд корхонаи саноатии Панҷакент боздид кард
ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир 25-26 март аз якчанд корхонаҳои шаҳри Панҷакент боздид намуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.
Тибқи хабари манбаъ, Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи саноат дар ҷараёни сафар бо вазъи фаъолияти ҶДММ КМ «Зарафшон» ва корҳои сохтмонӣ шинос шуд. Гуфта шуд, ки дар назди ин корхона ҶДММ «Маводи ба фарсудашавӣ тобовар» ба фаъолият оғоз менамояд, ки ба истеҳсоли саққо машғул мешавад. Аслан ин маҳсулот барои майда кардани санг лозим буда, қаблан аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд дастрас мегардид.
Дар маркази хизматрасонии «Убайдулло» коргоҳҳои дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши либоси мактабӣ, маркази дандонпизишкӣ ва коргоҳи истеҳсоли мебел ба истифода супорида мешаванд. Ба Шералӣ Кабир иттилоъ доданд, ки бо баистифодадиҳии иншооти мазкур беш аз 100 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад. Аз ҷумла, 70 нафар дар коргоҳҳои дӯзандагӣ, 40 нафар дар мағозаҳои фурӯши либоси мактабӣ, коргоҳи истеҳсоли мебел ва маркази дандонпизишкӣ фаъолият менамоянд.
Инчунин Шералӣ Кабир аз ҶСП «Мармари Саразм», ҶДММ «Парандис» ва ҶДММ «Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент Лимитед» дидан намуда, ба масъулин барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дастур дод.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ








Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад






