Сироҷиддин Муҳриддин дар Исломобод бо Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Покистон мулоқот кард

Март 22, 2022 13:19

ДУШАНБЕ, 22.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар шаҳри Исломобод  дар ҳошияи нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи барои ҳар ду ҷониб судманд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа табодули афкор намуданд.

Дирӯз ҳамчунин Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мулоқот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Покистонро дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон зимни вохӯрӣ оид ба ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ба вежа Созмони ҳамкории исломӣ табодули назар сурат гирифт.

Ҷонибҳо инчунин раванди амалисозии мувофиқаҳое, ки дар рафти сафарҳои сатҳи олӣ дар соли 2021 ба даст омада буданд, муҳокима намуданд.

 

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Март 22, 2022 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид