«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Дар Душанбе даври ноҳиявии озмун ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 30.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ҷараён дорад. Озмуни мазкур тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» соли 2022 миёни хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт баргузор карда мешавад.
Тавре сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, тибқи Низомномаи озмун иштирокчиёни он аз фанҳои математика, физика корҳои хаттӣ ва аз фанҳои химия, биология, география ва технологияи иттилоотӣ супоришҳои тестӣ супорида, корҳои мустақилонаи тадқиқотӣ ва ихтирооти худро дар назди аъзои ҳакамон муаррифӣ менамоянд.
Ба зикри мавсуф, озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд баргузор мегардад.
«Озмун аз се давр иборат буда, аз моҳи январ то моҳи апрел ба таври зайл гузаронида мешавад: даври якум – моҳҳои январ — феврал дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ; даври дуюм – моҳи март дар сатҳи ноҳияҳо бо иштироки ғолибони даври якум; даври ниҳоии он ҳафтаи якуми моҳи апрел бо иштироки ғолибони даври дуюм. Маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун дар Рӯзи пойтахт сурат мегирад», — иброз дошт Асомиддин Бобозода.
Ба иттилои сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, озмун аз рӯйи номинаҳои зерин гузаронида мешавад: Барномасозӣ, Меъморӣ, Моделсозӣ, Радиоэлектроника, Робототехника, Сайёҳӣ, Кишваршиносӣ ва Табиатшиносӣ.


Тазаккур дода шуд, ки дар ҳар давр вобаста ба ҳар номина то 3 ғолиб (ҷои якум – 1 нафар, ҷойи дуюм – 1 нафар, ҷойи сеюм – 1 нафар) муайян карда мешаванд. Ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври шаҳрии озмун аз рӯйи ҳар як номина дар алоҳидагӣ, ҷоиза, диплом ва мукофотпулӣ дода мешавад.
Ба зикри мавсуф, омӯзгорони ғолибони озмунҳо дар сурати мавҷуд будани шартнома миёни роҳбари муассисаи таълимӣ дар бораи омода намудани довталаб мукофотпулӣ мегиранд. Инчунин волидайни ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун бо Ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳавасманд карда мешаванд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе/ Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд






