ТОҶИКИСТОН БА COVID-19 МАСУНИЯТИ ДАСТҶАМЪОНА ПАЙДО КАРД. Дар ин бора арқоме, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» пешниҳод намуд, гувоҳӣ медиҳанд

Март 31, 2022 13:12

ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон масунияти дастҷамъона бар зидди коронавирус пурра ташаккул ёфт. Дар ин бора арқоме, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» пешниҳод намуд, гувоҳи медиҳанд.

Тибқи маълумоти вазорат, то 27 марти соли равон 5 миллиону 162 ҳазору 424 нафар бар зидди коронавирус эм гирифтаанд, ки ин 92,2 фоизи аҳолии аз 18-сола болои кишварро ташкил медиҳад. Ҳамчунин 4 миллиону 900 ҳазору 199 нафар (87,5%) вояи дуюми ваксинаро гирифта, то санаи зикргардида 1 миллиону 89 ҳазору 922 нафар (19,5 фоиз) вояи сеюм гирифтаанд.

Бори охир 17 феврали соли равон дар кишвар се ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда буд. Дар маҷмӯъ, аз оғози бақайдгирии COVID-19 дар Тоҷикистон 17 388 нафар сироят шуда, 17 249 нафар (99,2%) аз ин беморӣ шифо ёфтанд ва 124 нафар шаҳрвандони кишвар фавтидаанд.

Ҳанс Клюге, Роҳбари минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), ки ба он Тоҷикистон низ шомил аст, чанде пеш изҳор дошт, ки ҳангоми эм гирифтани 80 фоизи аҳолӣ бар зидди COVID-19 масунияти дастҷамъӣ пайдо мешавад. Ӯ дар ин бора, аз ҷумла дар суҳбат бо мухбири рӯзномаи «Handelsblatt» тазаккур дод.

Ҳамин тариқ, метавон бо итминон гуфт, ки дар Тоҷикистон масунияти оммавӣ ба COVID-19 ташаккул ёфтааст.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Саидбек Сатторов пурсон шуд, ки ин чӣ маъно дорад.

«Масунияти оммавӣ маънои онро дорад, ки подтане, ки тавассути эмгузаронӣ пайдо шудааст, дар шумораи зиёди одамон мавҷуд аст ва вирус аз бемор ба шахси дигар намегузарад», — гуфт ӯ.

Ба ибораи дигар, вақте қисми зиёди аҳолӣ подтан пайдо мекунад, паҳншавии сироят суст ё умуман қатъ мешавад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, бо қарори Cитоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави COVID-19 аз 7 марти соли 2022 дар Тоҷикистон якчанд маҳдудият, аз ҷумла пӯшидани ҳатмии ниқобҳои тиббӣ бекор карда шуд. Дар ҳамин ҳол, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки «корҳоро оид ба чораҳои пешгирикунанда ва зиддиэпидемиявӣ идома диҳанд». Чун, пандемияи коронавирус ҳанӯз ба охир нарасидааст ва риояи қоидаҳои санитарӣ идома хоҳад ёфт.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 31, 2022 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода