Тоҷикистон ва Покистон ҳамкориро дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ таҳким мебахшанд

Март 17, 2022 09:40

ДУШАНБЕ, 17.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳкими  ҳамкории судманди дуҷониба миёни мақомоти ваколатдори Тоҷикистон ва Покистон дар заминаи созишномаи байниҳукуматӣ ва дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ  16 март дар шаҳри Вена зимни мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо директори генералии Қувваҳои зиддимухаддироти Ҷумҳурии Исломии Покистон Гулам Шабир баррасӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин омодагии худро ҷиҳати пешгирии қочоқи маводи нашъаовар, махсусан моддаҳои синтетикии психотропӣ аз Афғонистон, ки солҳои охир аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллӣ содир карда мешаванд, иброз намуданд.

Бо назардошти таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллии ҳарду кишвар, ҷонибҳо ба имзо расонидани санади нави ҳамкории дуҷонибаро ба мақсад мувофиқ шумориданд.

Ёдовар мешавем, ки директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода барои иштирок дар Иҷлосияи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар, ки то 18 март идома меёбад, дар шаҳри Венаи Австрия қарор дорад.

Дар ҳошияи Иҷлосия Ҳабибулло Воҳидзода бо роҳбарони ҳайатҳои ИМА ва Арабистони Саудӣ Тод Робинсон ва Муҳаммад Алҳакабанӣ мулоқот анҷом дода, дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистонро бо ин кишварҳо дар самти назорати маводи нашъаовар баррасӣ кард.

Директори Агентӣ инчунин дар Вена тариқи маҷозӣ «Шарҳи вазъи назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021»-ро муаррифӣ карда, дар чорабинии канории Созмони ҳамкории Шанхай ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ таҳти унвони  «Пурзӯр намудани ҳамкориҳои зиддимухаддиротӣ дар доираи СҲШ, мусоидат намудан ба  назорати фаромиллии маводи нашъовар» иштирок намуд.

 

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Март 17, 2022 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд